Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз соли 2015 то кунун яке аз пурҳошиятарин ҷараёноти сиёсии Тоҷикистон будааст. Давлати Эмомалӣ Раҳмон ба иттиҳомоте аз қабили кӯдато алайҳи давлат ва террористӣ будан, фаъолияти ин ҳизбро, ки то пеш аз ин танҳо ҳизби исломгарои қонунии Осиёи Марказӣ буд, аз соли 2015 мутаваққиф кардааст.
Пас аз он буд, ки давлати Тоҷикистон иқдомоти гуногуне алайҳи ин ҳизб ва чеҳраҳои сиёсии наздик ба онон дастгир шуда ва ба муҷозотҳое сангин аз ҷумла ҳабси якумра маҳкум шуданд. Албатта бояд ишора кард, ки то кунун ҳеч кишваре ин иддаои давлати Тоҷикистон, ки ин ҳизб як гурӯҳи террористӣ астро напазируфтааст ва дар иваз бисёре аз кишварҳо ба ин амр эътироз кардаанд. Ҳатто талошҳои давлати Тоҷикистон барои таҳти таъқиб қарор додани Муҳиддин Кабирӣ аз тариқи Интерпол низ коргар науфтод ва дар ниҳоят бо пайгирии ҲНИТ ва ироаи аснод ва мадорик, номи вай аз рӯйхати таҳти таъқиби Интерпол ҳазф шуд.
Чанд рӯз пеш хабаре дар расонаҳо мунташир шуд мабнӣ бар дархости СММ аз давлати Тоҷикистон барои озодӣ ва ҷуброни хасоратҳои Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини роҳбари ҲНИТ, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебарад. Додгоҳи олии Тоҷикистон вайро соли 2016 ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Дар ҳамин росто Хабаргузории эронии Тасним мусоҳибае бо Маҳмудҷон Файзраҳмон, сухангӯи ҲНИТ тартиб додааст:
Тасним: Ба унвони нахустин суол аз шароити имрӯзи ҲНИТ бигӯед, барномаи ҳизб дар хориҷ аз Тоҷикистон (пас аз ҳиҷрат) барои оянда чист? Ба назар мерасад ин ҳизб бо аз даст додани чеҳраҳо ва нафароти калидиаш дучори заъф шудааст. ҲНИТ чигуна мехоҳад тавони собиқи худро бозёбӣ кунад? Оё барномае барои бозгашт ба Тоҷикистон ва музокира бо давлат вуҷуд дорад?
Файзраҳмон: Дақиқан ҳар ҳизбе вақте 200 нафар аз масъулинаш боздошт мешавад, дар фаъолиятҳояш таъсир хоҳад гузошт. Аммо тасаввур ин буд, ки баъди боздошти беш аз 200 масъули баландпояи ҲНИТ ва ҳасри хонагии садҳо узви дигари ҳизб, ин ҳизб қудрати эҳё ва фаъолияти муҷаддадро аз даст хоҳад дод ва аз саҳнаи сиёсӣ маҳв мешавад. Вале ҲНИТ муваффақ шуд худро дар хориҷ аз кишвар бозсозӣ кунад ва садои худро боз бар ҳар фарди Тоҷикистон бирасонад, ки ин масъала давлати Тоҷикистонро дучори шок кард. Бале ҲНИТ пас аз ҳиҷрат бо дигар гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат вориди гуфтугӯ шуд ва ҳоло як эътилоф ба монанди ИНОТ-и собиқ дар ҳоли эҷод аст. Яке аз барномаҳои мухолифини тоҷик бозгашти сарбаландона ба кишвар ва озодии тамомии маҳбусони сиёсӣ ва дар ниҳоят эҷоди як ҳукумати эътилофии демократ аст.
Тасним: Тайи солҳои ахир давлати Тоҷикистон талошҳои зиёде барои террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва таҳти таъқиб қарор додани роҳбарони ҲНИТ сурат додааст. Аз натиҷаи ин талошҳо ва посухи ҲНИТ ба ин иқдомот бигӯед.
Файзраҳмон: Бале, ин талошҳо сурат гирифта, аммо чандон муваффақ набудааст ва кор ба ҷое расид, ки мақомоти тоҷик ба сароҳат эълом карданд, ки аз кишварҳои ҳамсоя ва минтақа гила доранд, чаро ки ҳатто як кишвар ҳам Тоҷикистонро дар террористӣ эълом кардани ҲНИТ ҳамроҳӣ накард. Ҳамчунин дар мавриди таҳти таъқиб қарор додани роҳбарони наҳзат низ талошҳои ҳукумати Тоҷикистон ноком монд. ҲНИТ бо фаъолиятҳояш чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар собит кардааст, ки як ҳизби миёнарав ва мӯътадили исломгаро аст ва дар сатҳи байналмилалӣ низ чунин шинохта мешавад. Давлати Тоҷикистон талошҳои номуваффақи зиёде кард то ҲНИТ-ро дар ҷаҳон ҳамчун террорист ва экстремист муаррифӣ намоят. Аммо ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз онҷое, ки муносиботи хубе бо ҲНИТ доштанд, иддаои давлати Тоҷикистонро на танҳо рад карданд, балки бисёре аз онҳо бо интишори баёнияҳое ин иқдоми давлати Тоҷикистонро маҳкум карданд ва онро дорои ангезаи сиёсӣ хонданд. Роҳбарони ҲНИТ, ки давлати Тоҷикистон муваффақ ба боздошти онҳо нашуд, муносиботи наҳзатро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳифз карданд ва тавонистанд қазияи саркӯби мухолифин аз тарафи давлати Тоҷикистон ба баҳонаи ҷанг бо терроризмро дар сатҳҳои байналмилалӣ матраҳ намоянд. Яке аз охирин муваффақиятҳои ҲНИТ дар сатҳи байналмилалӣ ҳазфи номи устод Муҳиддин Кабирӣ аз рӯйхати таҳти таъқиби Интерпол ва дархости «гурӯҳи кории СММ дар боздоштҳои худсарона» аз давлати Тоҷикистон барои озод кардани Муҳаммадалӣ Ҳайит, ноиби боздоштшудаи раиси ҲНИТ ва ҷуброни зарар ба ӯ дар муддати 6 моҳ аст.
Тасним: Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, илова бар эшони Қиёмиддин Ғозиев, ҲНИТ-ро ҳизбе муаррифӣ карда буд, ки пурра мазҳаби шиаро пазируфтааст. Назари шумо дар ин бора чист? Магар чанд нафар аз аъзои ҲНИТ-ро шиаҳо ташкил медиҳанд? Ҳадафи Раҳмон аз чунин изҳори назар чист?
Файзраҳмон: ҲНИТ аз даруни ҷомеъаи Тоҷикистон дар солҳои ҳокимияти СССР қомат баланд карда ва то кунун дар чорчӯби манофеъи миллат пойбанд будааст. Ин аввалин иддаои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи наҳзат набудааст. Агар ба ёд дошта бошед, ҳамин давлати Тоҷикистон пеш аз ин, иддао мекард, ки ҲНИТ исломии салафӣ ва ваҳҳобӣ аст ва аз кишвари Арабистони Саудӣ пул мегирад. Ва ҳамчунин ҲНИТ-ро ба ин муттаҳам мекарданд, ки ҷузви барномаи Ғарб аст ва дар тазоҳуроти фармоишӣ дар муқобили сафоратхонаҳои САҲА дар Душанбе соли гузашта чунин иддаоҳое ошкор шуд. Бо ин воқеъият, ки чанд кишвари минтақа ва ҷаҳон ҷабҳабандиҳои ахири худ алайҳи Эронро ташдид карданд, Эмомалӣ Раҳмон бо ин иттиҳомот мехоҳад аз кишварҳои меҳвари зидди эронӣ имтиёзоти молӣ касб кунад, зеро ончунон, ки маълум аст давлати Тоҷикистон дар солҳои ахир бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ рӯбарӯ аст ва мехоҳад аз ин фурсат ниҳояти истифодаро бибарад. Ин ҳама иттиҳомоти беасосе беш нест. Агар ваҳҳобӣ ҳастем, читавр ҳамзамон шиа ҳастем?
Тасним: Бисёре аз раҳбарони ҲНИТ дар Тоҷикистон боздошт шудаанд ва дар зиндон ба сар мебаранд. Аз вазъияти ин афрод бигӯед, ки чанд нафаранд ва дар чи вазъияте ҳастанд.
Файзраҳмон: Беш аз 200 нафар аз раҳбарони баландпояи ҳизб дар соли 2015 боздошт шуданд ва садҳо тани дигар аз аъзои аршади наҳзат, ки муваффақ ба хуруҷ аз кишвар нашуданд дар ҳасри хонагӣ ба сар мебаранд ва пасспортҳои онҳо низ барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи онҳо аз кишвар гирифта шудааст. Масъалаи муҳимме, ки мутаъассифона расонаӣ нашуда, ин аст, ки раванди боздошти аъзои фаъоли наҳзат дар Тоҷикистон ҳанӯз мутаваққиф нашуда ва боздоштҳо ба шаклҳо ва далоили мухталиф идома доранд. Ба унвони мисол дар охирҳои соли гузашта (2017) ҳудуди 40 фаъоли наҳзат дар шимоли кишвар дар вилояти Суғд (ба хусус аз ду ноҳияи Истаравшан ва Ашт) боздошт шуданд ва ба солҳои тӯлонӣ ба ҳабс маҳкум шуданж.
Вазъияти ин зиндониён хеле бад аст. Дар Тоҷикистон шиканҷа ва бадрафторӣ алайҳи маҳбусон як амри оддӣ аст. Ба хусус дар ҷараёни баргузории ҷаласоти ҲНИТ, мақомоти зиндон маҳбусони сиёсии наҳзатиро мавриди зарбу шатм қарор медиҳанд то монеъи баргузории ҷаласа ё аз ширкати фаъолони ҲНИТ дар ин ҷаласоти байналмилалӣ шаванд.
Тасним: Чанд рӯз пеш хабаре шунидем мабнӣ бар ин ки «Гурӯҳи кории СММ барои боздошти худсарона» дархости озодии Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини роҳбари ҲНИТ-ро доштааст. Фароянди дастёбӣ ба чунин муваффақияте чигуна будааст? Чи кишварҳо ва муассисоте ба ҲНИТ ёрӣ расонданд? Агар давлати Тоҷикистон бо ин дархост (пешниҳод) мувофиқат накунад чи авоқибе барояш дар пай хоҳад дошт?
Файзраҳмон: Бале, ин муваффақияте аст, ки омили аслӣ дар баргузории тазоҳуроти фармоишӣ муқобили сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе аст. Ин муваффақияте аст, ки ҳама талошҳои Раҳмонро ноком гузошт. Ин суол барои ҳама пеш омадааст, ки агар Ҳайит террорист аст, читавр СММ аз давлати Тоҷикистон на танҳо озодии ӯро талаб кардааст, балки 6 моҳ мӯҳлат дода то ҳам озод шавад ва ҳам хисоратҳои вай ҷуброн шавад. Созмони Freedom Now масъалаи Муҳаммадалӣ Ҳайитро бар ӯҳда гирифт ва ахиран муваффақ ба чунин дастоварде шуд. ҲНИТ саъй дорад қазоёи чандин роҳбари боздоштии дигарашро низ бо гурӯҳи кории СММ барои боздошти худсарона матраҳ кунад. Аммо дар хусуси авоқиби давлат дар хусуси радди ин дархост, ин як воқеъият аст, ки Тоҷикистон як кишвари ниёзманди кӯмакҳои байналмилалӣ мебошад. Лизо барояш ин иқдоми гурӯи кории СММ масъалаи кӯчаке нест ва таъсири зиёде хоҳад дошт. Дар сурати адами пазириши ин дархост мумкин аст ин мавзӯъ бар дарёфти кӯмакҳои байналмилалӣ таъсир бигузорад.
Манбаъ: Паём.нет