Журналистон ва хабарнигорон дар кишварҳои ғайридемократӣ аз ҷумлаи қишрҳои ҷомеа мебошанд, ки аз ҳама дида бештар мавриди таҳдиду фишор ва ҳатто латукубу қатл қарор мегиранду ҳамлаваронашон номаълум ё ҳадди аксар беҷазо боқӣ мемонанд.

Бахусус, мавориди латукуб ва ҳамла ба журналистон, ки ҳар чанд сол баъд дар Тоҷикистон рух медиҳад, сигналест ҷиддӣ ба худи журналистони латукубшуда ва дар умум ба аҳли ин соҳа, ки “ҷойгоҳи худ” бидонанду “аз ҳад” нагузаронанд.

Тоҷикистон, ки дар он мавориди таҳдиду фишор, ҳиҷрат, латукубу зиндонӣ шудани журналистону хабарнигорон пас аз соли 2010 ба таври чашмгир афзудааст, яке аз кишварҳои хатарнок барои журналистон маҳсуб мешавад.

Журналистони латукубшуда аслан аз ҷумлаи журналистоне ҳастанд, ки бо ҷасорати хос ба масоили ҳассос ва мавзӯъоти табу даст мезаданду бо сароҳат аз фаъолияти раҳбарияти кишвар интиқод мекарданд.

Ҳарчанд чунин мавридҳо дар кишварамон кам нестанд, дар ин матлаб танҳо 4 маворид аз латукубу ҳамла ба журналистонро, ки сипас ба сарнавиштҳои мухталифе рубарӯ шудаанду ҳамлаваронашон то кунун номаълум боқӣ мондаанд, ҳамчун намуна меорам.

1. Соли 2020, Абдуллоҳ Ғурбатӣ – озодӣ (рӯзи ҳамла 11.05.2020 ва ҳамлаварон то кунун номаълум)

Шоми дирӯз, 11-уми майи 2020, Абдуллоҳ Ғурбатӣ (хабарнигори 23-солаи “Азия-Плюс”) дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи ду шахси ношинос қарор гирифт ва дар пайи он ба бемористон бурда шуд. Вазъи саломатиаш бо вуҷуди захмҳову ҷорӣ шудани хун аз сараш то кунун вахим гузориш нашудааст.

Ангезаи ин ҳамла то кунун маълум нест ва мақомот низ шарҳ надодаанд. Аммо Раҷаби Мирзо, яке аз журналистони шинохтаи тоҷик, гуфт, агар табибонро муҳайё насозанду ҷинояткоронро пайдо накунанд, мардум ҳатман хулоса хоҳанд кард, ки “ин ҳодисаи нангин ба хотири тарсзоӣ дар ҷомеа рух додааст.”

Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз журналистони сахткуше аст, ки масоили марбут ба вабои ҳамагир коронавирус, аз ҷумла вазъияти вахими бемористонҳоро бозтоб медиҳанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 4 рӯз пеш Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар “ҳангомасозону дурӯғафканон”-ро дар вазъияти буҳрони ин вабо ҳушдор дод, ки дар сурати беасос паҳн кардани овоза муҷозот хоҳанд шуд. Ҳамчунин, дирӯз, ки шоми ҳамон рӯз Ғурбатӣ латукуб шуд, сайти www.kvtj.info, ки рӯйхати алтернативии қурбониёни бемории COVID-19 дар Тоҷикистонро нашр мекард, дар қаламрави кишвар дастнорас шуд. Ин баёнгари бархурди сахти ҳукумат бо журналистоне аст, ки ҷони худро дар хатар андохта, вазифаи ҳирфаии худро анҷом медиҳанд.

2. Соли 2013, Маҳмадалӣ Ҳаит – ҳабси абад (Рӯзи ҳамла 19.04.2013 ва ҳамлаварон номаълум)

7 сол пеш, Маҳмадалӣ Ҳаит, журналисти собиқадор ва муовини вақти раиси ҲНИТ, яъне рӯзи 19-уми апрели 2013 дар назди манзилаш дар шаҳри Душанбе аз ҷониб афроди номаълум мавриди ҳамла ва латукуби шадид қарор гирифт ва дар пайи он ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошт ва дар бемористон чандин рӯз бистарӣ шуд.

Ангезаи ин ҳамла расман шарҳ дода нашуд ва ҳамлаварон низ то кунун номаълум боқӣ мондаанд. “Хонаи Озодӣ” бо интишори баёнияе ин ҳамларо ба интихоботи президентии соли 2013 рабт дод.

2 сол баъд аз ҳодисаи ҳамла, Маҳмадалӣ Ҳаит рӯзи 16-уми сентябри 2015 дар пайи саркуби шадиди мухолифин аз тарафи ҳукумат, ки ба “саркуби ваҳшатноки 2015” маъруф аст, ҳамроҳи дигар фаъолони аршади ҲНИТ боздошт шуд ва сипас ба ҳабси абад маҳкум шуд.

3. Соли 2012, Далер Шарифов – Як сол зиндон (Рӯзи ҳамла 07.05.2012 ва ҳамлаварон беҷазо)

8 сол пеш, Далер Шарифов, корманди вақти телевизиони “Сафина” яъне шоми 7-уми майи соли 2012 дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе аз тарафи афроди ношинос мавриди ҳамла ва латукуб қарор гирифт ва дар пайи он дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон мунтақил шуд. Латукуби шурналист хеле шадид буд, ки чашмҳову пешинояш сиёҳ ва варам карда, ҷароҳатҳои сангин бардошта буд.

Ангезаи ин ҳамла расман шарҳ дода нашуд. Аммо худи Далер Шарифов гуфта буд, ки пеш аз ин ҳамла паёмҳои таҳдидомезе аз афроди ношинос дарёфт карда буд. Яке аз афроди ҳамлавар шиносоӣ шуда буд, аммо на аз шариконаш хабаре шуду на аз гирифтани ҷазои қонуниаш.

Пас аз 8 сол аз ин ҳамлаву латукуби шадид, Далер Шарифов бо сарнавишти талхе рубарӯ шуд. Ӯ 28-уми январи 2020 аз тарафи маъмурони КДАМ боздошт шуду ахиран ба як сол зиндон маҳкум шуд.

4. Соли 2011, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода – 16 сол зиндон (Рӯзи ҳамла 07.02.2011 ва ҳуҷумкунандагон номаълум)

9 сол пеш, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири вақти ҳафтаномаи “Наҷот”-и марбут ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки он замон расман фаъолият мекард, субҳи рӯзи 7-уми феврали 2011 дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамлаи шадиди афроди номаълум қарор гирифт. Бар асари он, ӯ ҷароҳатҳои сангин бардошта, беҳуш шуд ва сипас ба бемористон мунтақил шуд. Бинобар ҷароҳатҳои сангин, ӯ чандин рӯз дар бемористон таҳти муолиҷа қарор гирифт.

Ангезаи ин ҳамла расман шарҳ дода нашуд ва ҳамлаварон низ номаълум боқӣ монданд. ҲНИТ он замон ин ҳамларо “тарҳрезишуда” ва “сӯиқасд ба ҷони Сайфуллозода” эълон кард.

Моҳи сенятбри 2015, яъне 4 сол баъд аз ин ҳамла, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар пайи саркубии ваҳшатноки 2015 ҳамроҳи бо даҳҳо фаъолони аршади ҲНИТ боздошт шуд ва сипас дар пушти дарҳои баста ба 16 сол зиндон маҳкум шуд.

М. Файзраҳмонов

12.05.2020