Ҳар инсон аз рубарӯ шудан бо шикасту нокомӣ бадаш меояд, вале гурезе аз он надорад. Пас чӣ тавр бо ин ҳолати нохушоянд, яъне шикаст ва нокомӣ, ба таври дуруст рафтор кард?

Уфтоданҳову шикастанҳо ҳамеша манфӣ нестанд. Уфтодани себи Нютонро дар ёд доред? Рӯзе аз рӯзҳои тобистон Нютон зери дарахти себ нишаста буду аз ҳавои боғ лаззат мебурд ва ғарқи хаёл буд, ки ногоҳ себи пухтае аз шох ба замин афтод, ки боис шуд қонуни ҷозибаро кашф кунад.

Баъзе вақтҳо уфтоданҳо ё шикастҳо аз нигоҳи инсон он тавр ҳастанд, вале дар асл шояд ба нафъи инсон бошад. Бисёре аз инсонҳо дар пайи аз даст додан вазифаҳояшон сарватманд шудаанд. Шояд дар худи Шумо низ чунин ҳолатҳое иттифоқ уфтодааст. Худованди карим дар Қуръон мегӯяд:

“وعسى أن تكرهوا شيئا وهو خير لكم” яъне басо чизеро хуш намедоред, он барои шумо хуб аст.

Ҳамаи инсонҳо, ҳатто шахсони бузургу нобиға, таъми шикастро чашидаанд, вале фарқи онҳо аз инсонҳои дигар ин аст, ки шикастро ҷузви табиъии роҳи расидан ба ҳадаф ва пирузӣ медонанд. Аммо шахсони нокому заиф шикастро интиҳои роҳ дониста, аз идомаи саъйю кушиш ба осонӣ даст мекашанд.

Инсон дар мактабу донишгоҳҳо аз китобҳову муаллимҳо меомузад, аммо шикаст ва нокомӣ худ таҷрибаҳои омузанда дар зиндагӣ аст. Шикастҳову уфтоданҳо инсонро қавию суфта мекунад ва ҳамчунин инсон дар пайи шикаст бисёр инсонҳо ва чизҳоро меомузад. Имом Шофеъӣ мегӯяд:

“جزى الله الشدائد كل خير…. عرفت بها عدوي عن صديقي”

яъне Худо ба мушкилот (шикастҳо) ҷазои хайр диҳад, ки аз тариқи он душманамро аз дустам ҷудо кардам.

Зиндагӣ он қадар тулонӣ нест, ки ҳар инсон худаш ҳама чизро бояд таҷриба кунад. Барои ҳамин аст, ки инсонҳои муваффақ китоб мехонанду шакасту нокомиҳои дигаронро таҳлил мекунанд, то аз шикастҳои дигарон ба шакли дуруст дарси ибрат бигиранд.

Баъзе вақтҳо инсон шикаст мехураду аз расидан ба ҳадафаш даст мекашад, дар ҳоле ки ба расидан ба пирузӣ хеле наздик шудааст. Аз ҳамин хотир аст, ки инсонҳои бузургу нобиға дорои иродаи қавӣ ҳастанд ва дар расидан ба пирӯзӣ доимо талош меварзанд.

Дар ин замина аз Алберт Эйнштейн, аз машҳуртарин физикдонони ҷаҳон ва барандаи Ҷоизаи Нобел, суханони мондгоре боқӣ мондааст.

Эйнштейн мегӯяд: “Моҳҳо ва солҳо фикр мекунам. Дар 99 маврид натиҷагириям ғалат аст, вале дар садумин бор ҳақ бо ман аст”.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд: “То замоне ки аз талош даст накашидаед, шикаст нахурдаед.”

Ин матлабро бо сухани ҳакимонаи ин донишманд хатм мекунам, ки мегӯяд: “Ин тавр нест, ки ман хеле боҳуш ҳастам, балки фақат замони бештаре дар канори мушкилот боқӣ мемонам.”

М. Файзраҳмонов

17.05.2020