Хушбахт будан орзуи ҳар як инсон аст ва барои он саъйю кушиш мекунад. Чӣ тавр бояд зиндагӣ кард, ки дар охири умр аз он розӣ бошему чандон пушаймонӣ надошта бошем?

Барои худамон зиндагӣ кунем, на барои дигарон, зеро натиҷаи он танҳо бар мо бармегардад, на дигарон. Бисёре вақт инсон ба хотири дигарон аз ҳадафи худ ва аз корҳои зиёде даст мекашад, вале фаромуш мекунад, ки дар сурати нокомӣ ва рубарӯ шудан бо мушкилот, масъул худаш асту баҳои нокомиро танҳо худаш пардохт мекунад.

Ҷасорати кофӣ дошта бошем, ки ҳадафу орзуҳоямонро думбола кунем ва аз ҳарфҳои ину он натарсем. Зеро, агар муваффақ шудем, дигарон низ дар канорамон хоҳанд буд, вагарна касе сабабҳои нокомиямонро зикр нахоҳад кард, ки чаро ва бо кадом сабабҳо ноком шудем. Мову нокомӣ танҳо мемонем.

Бо вуҷуди кору машғулиятҳои зиёд, вақти бештаре бо волидайн ва фарзандону аъзои хонаводаамон бигузаронем ва агар дурем занг бизанем. Худо раҳмат кунад падари бузургворамро, ки мегуфт, ин рӯзҳо ғанимат ҳастанд. Яъне рӯзҳое, ки ҳамроҳи хешу табор ҷамъ мешудем ва ғазо мехурдему суҳбатҳои самимона мекардем. Рӯзҳои боҳамӣ ва гирдиҳамӣ мондгор ҳастанд ва инсонро хушбахт мекунанд.

Ҳар қадар бо падару модар, ҳамсар ва фарзандону хешовандонамон бештар бошем, ҳамон қадар меҳру муҳаббат бештар хоҳад шуд. Агар дур ҳастанд, занг занем. Фаромуш накунем, ки инсон дар бистари касалӣ ё марг, чизе ба ёдаш намеояд, магар наздиктарин инсонҳо.

Бо нафсҳои худамон ва бо дигарон содиқ ва шаффоф бошем. Агар бо нафсҳоямон содиқ набошем, ҳамеша эҳсоси гуноҳ мекунем, ки хушбахтиро кам мекунад. Гондӣ мегӯяд: “Хушбахтӣ замоне рух медиҳад, ки чизе ки фикр мекунед бо чизе ки мегӯед ва чизе ки анҷом медиҳад, ҳамоҳанг бошад.”

Агар рафтори нохубе аз дигарон, чӣ наздик бошад ё ҳамкор ё дигар кас, дидем, бояд фикру эҳсоси худро ба шакли дуруст ва замони муносиб ба онҳо бирасонем, то он эҳсосоту нороҳатӣ дар дохиламон намонаду ба як ъуқда табдил нагардад. Вақте эҳсосоту нороҳатиҳои дохилӣ гуфта намешаванд, бори вазнине ба рӯҳу аъсоб табдил мешаванд ва рӯҳияи манфигариро дар инсон эҷод мекунанд.

Барои ҳамин хуб аст, ки фазо ва муҳитамонро ба шакле бисозем, ки битавонем эҳсосоти худ нисбати рафторҳои номуносибро гуфта битавонем, ки боиси оромиши дохилӣ мешавад.

Ҳамчунин, дустони самимӣ ва ҷониамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем. Доштани дустони самимӣ ва ҷонӣ, ки дар рӯзҳои хушӣ ва сахтӣ дар канорамон мебошанд, зиндагиро ширинтар мекунанд. Аммо аз он идда, ки бо ҳар баҳона неш мезананд, дурӣ биҷӯем, зеро онҳо боиси нороҳатӣ ва харобии аъсобамон мешаванд.

Дустони самимӣ ва ҷонӣ онҳое ҳастанд, ки дар рӯзҳои сахт дар канорамон боқӣ монданд ва бояд қадрашонро бидонем. Нишастан бо дустони хубе сари пиёла чой ё хуроке ва ё қадам задану бо ҳам будан ва шухиҳову лабхандҳо табъҳоро болида мекунад ва рӯҳро зинда.

Хулоса, кору машғулиятҳо тамом намешаванд, аммо умр меравад. Барои ҳамин, ҷасорати онро дошта бошем, ки барои худамон зиндагӣ кунем, муҳиту фазои хубу созандаеро барои худамон эҷод кунем ва саъй кунем ба орзуҳоямон бирасем.

М. Файзраҳмонов

20.05.2020