Ё чӣ тавр фазои сиёсӣ байни тоҷикони Аврупо фазои сиёсии кишварро саргарм кардааст?

Ҳоло ба муҳтавои баҳси онлайнӣ ва зинда байни Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ, ва Собир Валиев, фаъоли тоҷике, ки аз Аврупо ба Тоҷикистон баргаштааст, ки имрӯз аз тарафи Радиои Озодӣ баргузор гардид, намепардозам, балки мехоҳам, дар мавриди аҳаммияти чунин баҳсҳои зинда дар фазои сиёсии кишвар чанд ишорае бикунам.

Ба назарам, баҳси имрӯз дар фазои сиёсии кишвар бесобиқа буд. Барои ҳамин, аз раҳбарияти Радиои Озодӣ – бахши тоҷикӣ барои баргузории баҳс ва бахусус, журналист Шаҳлои Гулхоҷа, муҷрии баҳс, ки ҳунару халоқияти вижае дар идораи баҳсҳо дорад, ташаккури хос кунам.

Баъди омадани Э. Раҳмон ба сари қудрат дар соли 1992, фазои сиёсии кишвар якбора ях баст, ҳатто баъди сулҳи тоҷикон дар соли 1997 фазои сиёсии кишвар чандон гарм нашуд, зеро як тараф рӯз ба рӯз заифтару мунзавитар мешуд. Миллати тоҷик баҳсои гарм дар Украина, Гурҷистон ва ҳатто Қирғизистони ҳамсоя ва дигар кишварҳоро медиданд ва дар орзуи дидани чунин баҳсҳои рубарӯ, гарм ва чолишгарона дар кишвари худ ва байни тоҷикон буданд.

Ҳиҷрати адади бузурге аз дигарандешон ва интеллигентсияи тоҷик дар пайи саркубии 2015 ба Аврупо, яке аз пешрафттарин минтақаи ҷаҳон, фазои сиёсии кишварро дар солҳои ахир тезу тунд кардааст. Фазои сиёсӣ дар дохили кишвар то кунун хеле сард буда, кунд ҳаракат мекунад, дар ҳоле ки фазои сиёсӣ байни дигарандешон ва интеллигентсия тоҷики муқими Аврупо бо вуҷуди баъзе равандҳои носолим, хеле гарм ва ба суръат пеш меравад. Ин фазои сиёсии мавҷуд дар Аврупо фазои сиёсии сарду хушк дар дохили кишварро ба таҳрик даровардааст.

Тоҷикон дар муддати тулоние, ки дар Русия аксаран ҳамчун муҳоҷирони корӣ боқӣ монданд, аз нигоҳи сиёсӣ чандон пешрафте накарданд. Дар ҳоле, ки 5 соли ҳиҷрат дар Аврупо аз 25 соли ҳиҷрат дар Русия аз нигоҳи сиёсӣ омузандатар ва муассиртар ба назар мерасад. Яке аз имтиёзҳои мардуми Тунис низ ҳамин аст, ки интеллигентсия ва дигарандешони тунисӣ бештар ба Фаронса паноҳ бурда буданд ва аз фазои озоду демократияи Фаронса хуб омухтанд. Яке аз сабабҳо ҳамин буд, ки Тунис бархилофи дигар кишварҳои арабӣ дар пайи баҳори арабӣ тавонист демократияи худро ҳифз кунад.

Ин баҳс низ то ҳадде аврупоӣ буд. Радиои Озодӣ, ки ин баҳсро тартиб дод, мақарраш дар Прагаи Чехия аст. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва ПМТ, низ аз соли 2016 дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад. Собир Валиев, яке дигар аз ширкаткунандагони ин баҳс, дар кишвари Молдавия паноҳандаи сиёсӣ буд, вале ахиран ба Тоҷикистон баргашт.

Ин баҳс фазои сиёсии кишварро камтар саргарм кард ва баргузории чунин баҳсҳои онлайнӣ ва зинда байни рақибони сиёсӣ ва интеллигентсияи тоҷик барои фазои сиёсии кишвар ва дар умум тоҷикон як раванди мусбат аст.

Умедворем, ки баргузории чунин баҳсҳо дар оянда аз тарафи Радиои Озодӣ ва дигар хабаргузориҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ идома меёбад, ки шояд фазои карахту яхшудаи сиёсии кишварро ба ҳаракат дарорад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Манбаъ: https://payom.net/ba-se-ki-omearo-kame-sargarm-kard/