Ё нигоҳе ба баъзе аз мавзеъгириҳои сиёсии Имом Абуҳанифа (р)

Бархеҳо аз Имом Абуҳанифа (699-767 милодӣ) шахсияте сохтаанд, ки гӯё ӯ як олими дарбор ё наздик ба ҳукумати давр буд. Мутаассифона, бархе аз олимону донишмандони ҳукуматӣ ё наздик ба ҳукумат дар Тоҷикистон дар минбарҳову нишастҳо аз ӯ чунон тавсифе мекунанд, ки гӯё мисли онҳо як шахси дарборӣ буду аз ҳукумат ҳимоят мекард. Вале воқеъият дигар аст. Имом Абуҳанифа (р) ба ин идда шахсиятҳои дарборӣ ва чоплус ҳеч рабте надорад ва баръакс ӯ як инсони фарзона ва озода буд, ки аз олимону донишмандони дарборӣ хушаш намеомад ва алайҳи ҳукумати давр бо вуҷуди таҳдидҳову хатароти зиёд мавзеъгириҳои шадид дошт.

Ӯ аз қиёми мардумӣ алайҳи ҳукумати фосиди давр пештибонӣ кард, барои дидгоҳҳои мухолифаш бо ҳукумат зиндонӣ шуд ва дар зиндон даргузашт, барои гурез аз мансаб ҳиҷрат кард, барои саркуб нашудани мардум бар хилофи майли ҳокими вақт фатво дод ва дар умум барои чоплусӣ накарданаш чӣ қадар бо мушкилоту ҳуҷуми дарбориҳо рубарӯ шуд.

Барои бештар равшан шудани масъала, чанде аз мавзеъгириҳои сиёсии ӯ ва авоқибу паёмадҳои ин мавзеъгириҳоро ҳамчун намуна бо истифода аз тарҷумаи ҳоли ӯ дар Википедияи форсӣ меорам:

  1. Фақиҳи мухолифе ба фасоди дастгоҳи ҳукумат

Имом Абуҳанифа пас аз даргузашти устодаш Ҳаммод ибни Абусулаймон дар соли 738 милодӣ, ба унвони барҷастатарин шогирди ҳалқаи ӯ, марҷаъи судури фатво ва тадриси фиқҳ дар Куфа гардид ва аз ҷойгоҳи иҷтимоии вижае бархурдор гашт.

Дар фосилаи солҳои 739 ва 750 милодӣ, ки ҳукумати Умавиён вопасин солҳои худро мегузаронд, Имом Абуҳанифа ба унвони фақиҳе мухолиф бо фасоди дастгоҳи ҳукумат, бо дидгоҳҳои эътиқодии хосси худ, бисёр мавриди таваҷҷуҳи ҷиноҳҳои мухолифи ҳукумат, ғайр аз Хавориҷ, қарор гирифт.

2. Ҳиҷрат ба Макка барои гурез аз мансаб дар ҳукумати фосид

Дар соли 747 милодӣ Умавиён аз вай хостанд, ки мансаби Қозиюл-қузотро бипазирад, вале ӯ ин дархостро бо вуҷуди фишоре, ки болои ӯ оварда буданд, рад кард ва ба Макка фирор намуд. Имом Абуҳанифа гуфт, ки чӣ тавр ман дар ҳукме, ки боиси кушта шудани инсони бегуноҳ мешавад, имзо гузорам ва қасам хурд, ки ҳечгоҳ ин корро нахоҳад кард.

3. Саркашӣ аз байъати халифаи Аббосиён

Имом Абуҳанифа баъд аз фирор ба Макка дар онҷо то солҳои поёнии ҳукумати Умавиён ба сар бурд ва ба густариши орои фиқҳии худ пардохт.

Бо пирӯзии Аббосиҳо ба Куфа дар соли 749 милодӣ ба зодгоҳи худ, яъне Куфа, бозгашт ва бо зиракии фавқуллодааш аз байъат бо халифаи Аббосиҳо саркашӣ кард.

4. Фатвои ҷасуронаи ӯ бар хилофи майли халифа дар масъалаи ҳассос

Дар пайи қиёми Ҳассон ибни Маҷолиди Хориҷӣ дар наздикии Мосул (шаҳре дар Ироқи ҳозира), Мансур, халифаи Аббосиён, аз мардуми Мосул ба хашм омада буд ва Имом Абуҳанифа (р) ва ду тан аз фақиҳони Куфаро эҳзор кард, то бар нақзи аҳдномаи собиқи халифа бо мардуми Мосул маҳри таъйид ниҳанд ва ҳамин тавр иҷозаи саркуби ин мардумро аз фақиҳони аср бигирад.

Бо вуҷуди ҳолати асабонии халифа ва хатароти ношӣ аз фатво алайҳи майли халифа, Имом Абуҳанифа бар хилофи майли халифа раъй дод ва халифаи Аббосиён ночор шуд, ки аҳдномаи мазбурро пойбарҷо бишуморад.

5. Ҳимоят аз қиёми мардумӣ алайҳи Аббосиён

Мухолифати хомуши Имом Абуҳанифа бо ҳукумати Аббосиҳо, замоне ошкор шуд, ки Иброҳим ибни Абдуллоҳи Ҳасанӣ дар соли 766 милодӣ дар Басра зидди хилофати Мансур қиём кард ва Имом Абуҳанифа бо нуфузе, ки аз он бархурдор буд, аз ин қиёми мардумӣ ҳимоят кард. Аммо ин қиём тавассути Мансур саркуб ва шахсиятҳои бонуфузе мисли ӯ барои ҳимояташон аз қиём аз муҷозот эмин монданд.

6. Зиндонӣ шудан ва шаҳодат дар зиндон

Дар соли 767 милодӣ, ки синни Имом Абуҳанифа қариб 70 сол буд, Мансур ӯро ба Бағдод даъват ва маҷбур кард, ки мансаби Қозиюл-қузотро қабул кунад, аммо бори дигар Имом Абуҳанифа аз пазириши ин мансаби баландпоя худдорӣ кард. Мансур ӯро ба зиндон фиристод ва пас аз чанд рӯзе дар кунҷи зиндон ҷоми шаҳодатро нушид. Ба ривояте, ӯро дар зиндон заҳр доданд ва бар асари он даргузаштааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Вена, Австрия, 28.05.2020