Инсонҳои хушбин ва мусбатандеш дар муқоиса бо инсонҳои манфигаро шодтар ва муваффақтар ҳастанд, зеро дидашон ва ҳамчунин таомулашон бо ҳақиқатҳои зиндагӣ (чӣ хубу чӣ бади он) воқеъитар ва мантиқитар аст.
Фарқ байни инсони хушбин ва манфигаро
Хушбинӣ ва мусбатандешӣ ҳечгоҳ ба ин маъно нест, ки инсони хушбин дар ҳама ҳолат танҳо накуӣ ва хубиро мебинад ё дар ҳолатҳои мушкил ва вазъиятҳои сахт ҳамеша хурсанду шод аст. Зеро дар зиндагӣ ҳам хуб асту ҳам бад, ҳам инсоф асту ҳам зулм ва ҳам сафед асту ҳам сиёҳ ва садҳо ранги дигар. Пас фарқ байни ду чист?
Фарқи асосӣ байни инсони хушбин ва манфигаро ин аст, ки инсони хушбин ҳар ду тарафи воқеъиятҳоро мебинад, вале инсони манфигаро бештар ба бадию сахтӣ ва ҷанбаи манфии воқеъиятҳо тамаркуз мекунад. Ҳамчунин, хушбин бо воқеъиятҳо масъулиятшиносона рафтор мекунад, дар ҳоле ки инсони манфигаро бештар масъулиятгурезу мунфаъил буда, аз дигарон ва муҳит шикоят ва бечоранолӣ мекунад.
Мусбатандеш бояд буд, на мусибатандеш (бо изофаи ҳарфи “и”)
Мушкилот ду навъ аст, яке аслан хориҷ аз қудрату тавони инсон аст, мисли маргу мирҳо ва хасоири ҷонию молии ношӣ аз ҳодисаҳои табиӣ, ҳавоӣ ва роҳ ба монанди сел, зилзила, суқути ҳавопаймо ва ғайра. Чунин воқеъиятҳои талх дар зиндагӣ вуҷуд доранд ва онро тавре бояд қабул кард, ки боиси чандон навмедӣ ва маъюсӣ нашавад, ба далели инки онҳо берун аз қудрати инсон аст.
Як навъи дигар аз мушкилот мисли нокомиҳо ва ҳолатҳои нороҳаткунанда вуҷуд дорад, ки бевосита ё ба таври ғайримустақим ба амалкарди худи инсон рабт дорад. Дар ин сурат, мо бояд ҳамаи ҷанбаҳои масъаларо (ҳам хубӣ ва ҳам бадӣ) бубинем, дар баробараш масъулият эҳсос кунем ва иқдоме барои ислоҳи он анҷом диҳем. Ҳамзамон умедвор бошем, ки натоиҷи дилхоҳе ба даст хоҳад омад, вале эҳтимоли натоиҷи нохушояндро низ мадди назар дошт.
Аммо инсони манфигаро дар ин сурат мисли ҳамеша дигарон ва муҳиту вазъиятро маломат мекунад ва ба ҷои иқдом ба кор шудан бештар ба шикоятҳову бечоранолиҳо машғул мебошад. Инсони мунфаъил ва манфигаро ҳамчун шоҳид боқӣ мемонад ва ҳар вақте натоиҷи нохушоянде рух дод, мегӯяд: “Ман нагуфта будам, ки ин хел мешавад!”
Вақте ба мушкилот ва ҳолатҳои душвор рубарӯ мешавем, онро гузаранда ва муваққатӣ донист ва бо худ гуфт, ки чӣ тавр ин мушкилро ба таври аҳсан ва беҳтар пушти сар кунем. Ҳамчунин, эҳтимоли бадтарин аз як қазияи мушаххасро мадди назар дошта бошем, зеро дар сурати вуқуъи он омодагии равонӣ барои таомул бо онро дорем ва ҳайратзадаву шигифтзада намешавем. Дар сурати иттифоқи натоиҷи дилхоҳтаре эҳсоси хушӣ ва хушҳолӣ хоҳем кард, зеро таваққуъи иттифоқи натоиҷи бадтареро низ доштем.
Вале агар як ҳодисаи дарднок ва ҳолати хеле нохушоянд рух диҳад, ки дар зиндагӣ чунин мавориде иттифоқ меуфтаду аз онҳо гурезе нест, чӣ бояд кард? Дар ин ҳолатҳо, хуб мешавад, ки вазъиятро бо дусте самимӣ дар миён гузошт ва шояд он дуст роҳҳале нишон надиҳад, аммо инки вазъияти равониамонро бо чунин дусти самимӣ матраҳ мекунем, ки метавон онро “холӣ кардан”-и дарду ғам номид ва дар пайи он оромиши нисбӣ эҳсос мекунем.
Фазои солим ва дур аз манфигароӣ бисозем
Як нуқтаи хеле муҳим аст, ки бояд онро ҷиддӣ бигирем. Бояд саъй кунем, ки аз ҳар гуна шахсиятҳои манфигаро, хоҳ дусте ҳаст ё ҳамкоре ё дигаре, дурӣ биҷӯем, то нагузорем онҳо бо фикрҳои манфӣ болои мо ва зиндагии мо таъсир дошта бошанд.
Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, аз шахсиятҳо ва гурӯҳҳое, ки корашон ҳамеша коридани постҳои пур аз шикояту бечоранолӣ аст ва бидуни инки масъулияте эҳсос кунанд, дурӣ кунем.
Дар зимн, бояд бо интиқодҳо ба шакли дуруст рафтор кард. Ҳечгоҳ дар ҷавоб додан ба интиқодҳо шитоб накунем, балки интиқодро бо тааммул шунид ва ё хонд ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки мо низ инсонем ва аз хатову камбудиҳо орӣ нестем. Вале инсони манфигаро дар аксари масоил пешзеҳният дорад ва ҳамеша камбудиҳо ва хатоҳоро бар души дигарон ва муҳиту вазъият меандозад.
Гоҳ-гаҳе хуб мешавад, ки аслан ба як ду интиқод ҷавоб надиҳем ва онро хуб гуш кунем ё хуб бихонем, ки ин боиси тақвияти ҳунари интиқодшунавии мо хоҳад шуд.
Вақте мебинем, ки як инсон одати нохуб ва нописанде дорад, дар ёд дошта бошем, ки мо низ дар навбати худ одатҳои нохуб дорем ва дигарон низ. Роҳҳал он аст, ки бо ҳамдигар шаффофу озод бошем ва бидонем, ки то ҳадди имкон камбудиҳои якдигарро ҷуброн мекунем.
Корҳои амалӣ
Илова бар гуфтаҳои боло баъзе корҳоеро, ки барои хушбин будан кумак мекунанд, бояд анҷом дод. Аз ҷумла саъй кунем, ки рӯзамонро бо анҷоми корҳои хуб шуруъ кунем, ки ин дар соатҳои баъдии рӯзамон таъсир хоҳад дошт.
Ҳар куҷое меравем, саъй кунем лабханд дошта бошем ва то ҳадди имкон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дасти дигарон, аз ҷумла муйсафедон, занони ҳомила, кудакон ва маъюбонро бигирем. Ин аъмол ҳарчанд кучак метобанд, аммо дар равонамон таъсири мусбат мегузоранд.
Варзиш карданро ҳадди ақал 3 бор дар ҳафтае фаромуш накунем ва ҳамзамон мувозиби ғазои солими худ бошем.
Ҳадди ақал 5 то 6 соат шабҳо бояд хоб кунем, зеро шаббедорӣ моро дар тӯли рӯз дар ҳолати ногувор ва асабонӣ қарор медиҳад.
Хулоса, зиндагӣ зебо ва қашанг аст ва саъй кунем, ки барои худамон ва атрофиёнамон фазои солим бисозем, то аз неъмати зиндагӣ бештар баҳраманд шавем.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов
Вена, 30.05.2020
Mashaallah
LikeLiked by 1 person