Равоншинос / Насли ҷонҳо / Вакили зиёиён / Қалби васеъ
Имрӯз яке аз беҳтарин дустони ҷонӣ ва ҳамкоронам, Бобоҷон Қаюмзод, зодрӯз дорад. Дусте самимӣ, дақиқфаҳм, шариф ва аз ҳама муҳим як инсон, ки солҳост бо ҳам кору фаъолият мекунем. Ӯро хеле пештар мешинохтам, аммо дустиямон баъди соли 2011 шуруъ шуд, вақте ки тасмими фаъолият дар Душанбеи дустдоштанӣ гирифта шуд.
****
Равоншинос
Агар дар риштаи равоншиносӣ низ дарс намехонд, мутмаин ҳастам, ки дар амал як равоншинос мебуд, зеро равоншиносӣ дар табиаташ вуҷуд дорад. Медонад дар куҷо сухан гӯяд ва чию чигуна гӯяд ва дар куҷо хомӯш истад. Хомӯшиаш низ маъно дорад.
Бо ҳукми табиати кору фаъолиятамон, ҷаласаҳои зиёде онлайнӣ ва рубарӯ дорем. Агар дар бисоташ фикри бикр ё наве бошад, сухан мегӯяд ва он ҳам ба тарзи хосси худаш, ки наметавон онро нодида гирифта гирифт.
****
Насли “ҷон”-ҳо
Насли “ҷонҳо”-и Наҳзатро намешавад бидуни ӯ тасаввур кард. Дар ҲНИТ чӣ замоне, ки дар дохили кишвар будем ва чӣ дар хориҷи он, ки ҳоло ба сар мебарем, як насли нисбатан ҷавоне вуҷуд дорад, ки дар онҳо аз ҷавонӣ ҷуз номаш чизе намондааст. Бобоҷон, Азимҷон, Илҳомҷон, Исломҷон, Муҳаммадҷон, худам (ки низ исмам бо “ҷон” хатм мешавад) ва дигарон, ки дар охири номҳояшон “ҷон” надоранд, бо шухӣ номҳояшонро бо “ҷон” музайян месозем, мисли Ҷаннатуллоҳҷон, Фатҳиддинҷон ва ғайра.
Дар ҲНИТ мисли дигар ҷамъиятҳову созмонҳо ихтилоифи наслҳо вуҷуд дошт ва дорад, вале ҳамдигарро эҳтиром мекунанд. Устод Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Худованд зудтар ӯ ва дигар фарзонагони зиндонӣ озод кунад, ва аъзои насли калонтар дар мавриди ин насл бисёр шухиҳо мекарданд.
Мо худро “насли ҷонон” яъне ҷамъи ҷонҳо мегӯем ва устодонамон, ки аз насли бузургтар ҳастанд, чизҳое мегӯянд, ки намехоҳам инҷо онро ошкор кунам.
****
Вакили зиёиён
Дар ҳама баҳсҳову баррасиҳо бародар Бобоҷон тавре рафтор мекунад, ки мегӯед ӯ вакили зиёиён аст. Зеро ӯ худ як зиёии фарҳехта ва равшанфикри асил аст.
Дилаш барои миллат метапад ва аз гуфтани ҳақ наметарсад. Садоқат ба миллату ҳифзи манофеъи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ дар гуфтору амалаш дида мешаванд.
Воқеан, ӯ яке аз фарзандони асили миллат аст!
****
Қалби васеъ
Сентябри соли 2011 буд. Ман аз Маскав барои ширкат дар Анҷумани ҲНИТ, ки 24-уми сентябри 2011 дар Душанбе баргузор шуда буд, ба Душанбе омадам. Он вақт бародар Бобоҷон масъули сайти Наҳзат.тҷ буд. Ҳамин ки тасмим шуд, ман дар Душанбе бимонам, бародар Бобоҷон бо раҳбарияти ҳизб машварат карду ман дар ҷои ӯ ба унвони раиси сайт шудам.
Вақте корро шуруъ кардам, кушиш кард, ки аслан дар тарзи идораи ман дахолат накунад. Ин кор воқеан ҷавонмардӣ ва қалби васеъ мехоҳад, ки масъули пешин дар тарзи идораи масъули ҷадид, ки бахусус бо машварати ӯ ба ин мақом расидааст, дахолат накунад. Вақте кори сайт ба ҷое расид, ман ба ӯ гуфтам, ки воқеан ҷавонмардӣ кардед.
****
Хулоса, аз доштани чунин дусте дустдоштанӣ, равшанфикру самимӣ ва шарифу арзишмеҳвар ифтихор мекунем ва вуҷуди ӯ зиндагии мову дустонамонро ширинтар ва аз ҳама муҳим, ба воқеият наздиктар мекунад.
Як бори дигар, дусти хубам, зодрӯзат муборак! Илоҳо, ҳамеша муваффақу сарбаланд бошед ва ба орзуятон, ки миллати тоҷикро сарбаланду озода бинед, бирасед.
Шоду хуррам бошед!
Бо эҳтироми фаровон:
Дустат, М. Файзраҳмонов
Вена, 10.06.2020