“Аҳдномаи Мадина” (низ “Мисоқи Мадина” ва “Дастури Мадина” номида мешавад) тавассути Паёмбари акрам (с) дар соли 622 милодӣ навишта шудааст. Ин аҳднома ба таври расмӣ равобит байни ӯ ва қабоилу хонадонҳои муҳими Мадинаро, ки шомили мусалмонон, яҳудиён ва бутпарастон буд, мушаххас кард. Ин санад бо мушаххас кардани ҳуқуқу вазоиф байни мусалмонон, яҳудиён ва бутпарасон, онҳоро ба сурати як уммати воҳид таъриф мекунад.

Ин санад масоиле монанди амнияти ҷомеа, озодиҳои мазҳабӣ, нақши Мадина ба унвони ҳарам, ки хушунат дар он мамнуъ аст, амнияти занон, равобити қабилаии даруни Мадина, системаи андоз ҷиҳати ҳимоят аз ҷомеа дар ҳангоми даргириҳо, шароит барои ташкили иттиҳодҳои сиёсӣ бо хориҷ, системаи қазоӣ барои рафъи ихтилофот ва мавзуъи пардохти хунбаҳо ва ғайраро пушиш медиҳад.

Ин аҳднома аз 47 модда иборат аст, ки танҳо 4 моддааш ба ду бандӣ тақсим мешавад.

Тарҷумаи матни комили “Аҳдномаи Мадина” ба форсӣ чунин аст:

  1. Ин навишта ва паймоне аст аз тарафи Муҳаммад Расулуллоҳ миёни муъминону мусалмонони Қурайш ва мардуми Мадина ва тамоми касоне, ки аз мусалмонон пайравӣ карда, ба онҳо бипайванданд ва дар канорашон ба мубориза бипардозанд.
  2. Онон дар баробари дигар мардумон як уммат ҳастанд.
  3. Муҳоҷирони Қурайш ҳаммонанди пеш аз Ислом хунбаҳо мепардозанд ва бо риояти адолату некӣ байни муъминон асири худро раҳо месозанд.
  4. Қабилаи Авф ҳаммонанди пеш аз Ислом хунбаҳо мепардозанд ва бо риояти адолату некӣ байни муъминон асири худро раҳо месозанд.
  5. Қабилаи Хазраҷ (яке аз ду қабилаи бузурги ансор, ки дар Мадина зиндагӣ мекарданд ва худ ба қабилаҳои кучактаре тақсим мешуданд) ҳаммонанди пеш аз Ислом хунбаҳо мепардозанд ва бо риояти адолату некӣ байни муъминон асири худро раҳо месозанд.
  6. Қабилаи Соъида (ки тоифаи кучаке аз Хазраҷ буданд) ҳаммонанди пеш аз Ислом хунбаҳо мепардозанд ва бо риояти адолату некӣ байни муъминон асири худро раҳо месозанд.
  7. Қабилаи Ҷушм (ки тоифае аз Хазраҷ буданд) ҳаммонанди пеш аз Ислом хунбаҳо мепардозанд ва бо риояти адолату некӣ байни муъминон асири худро раҳо месозанд.
  8. Қабилаи Наҷҷор (ки тоифае аз Хазраҷ буданд) ҳаммонанди пеш аз Ислом хунбаҳо мепардозанд ва бо риояти адолату некӣ байни муъминон асири худро раҳо месозанд.
  9. Қабилаи Ибни Авф (ки аз тоифаҳои қабилаи бузурги Авс буданд) ҳаммонанди пеш аз Ислом хунбаҳо мепардозанд ва бо риояти адолату некӣ байни муъминон асири худро раҳо месозанд.
  10. Қабилаи Набит (ки яке аз тоифаҳои қабилаи Авс буданд) ҳаммонанди пеш аз Ислом хунбаҳо мепардозанд ва бо риояти адолату некӣ байни муъминон асири худро раҳо месозанд.
  11. Қабилаи Авс (ки худ иборат аз чанд қабилаи хурдтар буд) ҳаммонанди пеш аз Ислом хунбаҳо мепардозанд ва бо риояти адолату некӣ байни муъминон асири худро раҳо месозанд.
  12. А) Муъминон фарде аз худро дар пардохти хунбаҳо ё фидяи сангин танҳо намегузоранд.

Б) Ва ҳеч муъмине бо вобастаи муъмини дигар дар мухолифат бо вай паймон намебандад.

  1. Ҳамаи муъминони парҳезгор дар баробари ҳар касе аз мусалмонон, ки ситам мекунад ё аз роҳи ситам чизе талаб менамояд ва ё душманӣ ва фасод байни муъминон меафканад, меистанд. Онон дар зиддият бо ӯ якпорчаанд, агар чи фарзанди яке аз онҳо бошад.
  2. Ҳеч муъмине муъмини дигареро ба хотири кофире намекушад ва ба кофире бар зидди муъмине ёрӣ намедиҳад.
  3. Паноҳи Худо барои ҳамагон яксон аст. Бинобар ин, як мусалмон бо пойинтарин шаъни иҷтимоӣ метавонад дигаронро паноҳ бидиҳад ва муъминон дар муқобили дигарон ёру ёвари ҳамдигаранд.
  4. Яҳудиёне, ки аз мо мусалмонон табъият мекунанд, бидуни шак аз ёрӣ ва баробарӣ (бо дигар шаҳрвандон) бархурдор буда, зулму ситам ва ғалаба алайҳи онҳо намешавад.
  5. Оштӣ барои муъминон яке аст. (Бинобар ин) ҳеч муъмине дар ҳангоми ҷанг дар роҳи Худо ҷудогона аз дигар муъминон бо душман оштӣ намекунад, магар бар асоси адл ва баробарӣ миёни муъминон.
  6. Ҷангҷӯе, ки ҳамроҳи мо пайкор мекунанд, бояд назму тартибро муроъот кунад.
  7. Муъминон дар додани хуни худ дар роҳи Худо бо якдигар баробаранд. (Яъне мушорикати онҳо дар ҷангҳо илзомӣ ва тобеъи қонун аст ва касе бар дигаре барои ширкат ё адами ширкат бартарӣ надорад)
  8. А) Беҳтарин ва устувортарин ҳидоятро муъминони парҳезгор дороянд.

Б) Ҳеч бутпарасте ба афроди Қурайш (ки душманони мусалмононанд) тазмини молӣ ва ҷонӣ намедиҳад ва монеъи дастёбии муъминон ба онҳо намешавад.

  1. Агар касе муъмини бегуноҳеро бикушад ва бо далел собит шавад, қотил бар асоси қисос кушта мешавад, магар онки валии мақтул ба хунбаҳо розӣ гардад ва тамоми муъминон бояд дар муқобили қотил буда, бар зидди ӯ қиём кунанд.
  2. Бар ҳар муъмине, ки ин навиштаро пазируфта ва ба Худову рӯзи қиёмат имон дорад, бар ӯ ҳаром аст, ки қотилеро ёрӣ ё паноҳ диҳад. Ҳар касе, ки қотилро кумак кунад ё паноҳ диҳад, бидуни тардид машмули лаънати Худо ва хашми ӯ дар рӯзи қиёмат хоҳад шуд ва аз хунбаҳо ё тавба пазируфта намешавад.
  3. Ҳар гоҳ Шумо дар масъалае ихтилоф пайдо кардед, (доварӣ ва ҳукми) онро ба Худо ва Муҳаммад (с) баргардонед.
  4. Яҳудиён модоме, ки муъминон дар ҷанг бо душмананд, дар пардохти ҳазина бо онҳо ҳамроҳ мебошанд.
  5. Яҳуди қабилаи Бани Авф уммате ҳамроҳи муъминон ҳастанд. Яҳудиёни мазкур ба дини худ ва мусалмонон ба дини худ ҳастанд. Ин дар мавриди худашон ва вобастагонашон тафовуте надорад. Магар касе, ки муртакиби зулму гуноҳ шавад. Чунин шахсе ҷуз худу хонаводаашро табоҳ накардааст.
  6. Яҳудиёни қабилаи Бани Наҷҷор ҳуқуқи баробар бо ҳуқуқи яҳудиёни қабилаи Бани Авф доранд.
  7. Яҳудиёни қабилаи Бани Ҳорис ҳуқуқи баробар бо ҳуқуқи яҳудиёни қабилаи Бани Авф доранд.
  8. Яҳудиёни қабилаи Бани Соъида ҳуқуқи баробар бо ҳуқуқи яҳудиёни қабилаи Бани Авф доранд.
  9. Яҳудиёни қабилаи Бани Ҷашм ҳуқуқи баробар бо ҳуқуқи яҳудиёни қабилаи Бани Авф доранд.
  10. Яҳудиёни қабилаи Бани Авс ҳуқуқи баробар бо ҳуқуқи яҳудиёни қабилаи Бани Авф доранд.
  11. Яҳудиёни қабилаи Бани Саълаба ҳуқуқи баробар бо ҳуқуқи яҳудиёни қабилаи Бани Авф доранд. Магар касе, ки муртакиби зулм ва гуноҳ шавад. Чунин шахсе ҷуз худ ва хонаводаашро табоҳ накардааст.
  12. Яҳудиёни Ҷуфна хонаводае аз қабилаи Саълаба ҳастанд ва аз назари ҳуқуқ ҳаммонанди Саълаба мебошанд.
  13. Яҳудиёни Бани Шутайба ҳуқуқе баробар бо ҳуқуқи яҳудиёни Бани Авф доранд. Равшан аст, ки вафодорӣ ба аҳд бо паймоншиканӣ яке нест.
  14. Вобастагони қабилаи Саълаба ҳаммонанди худи онон ҳастанд.
  15. Афроде, ки роздор ва тарафи мушовараи яҳудиёнанд, низ ҳуқуқе баробар бо худи онон доранд.
  16. А) Ҳеч касе аз яҳудиён хориҷ намешавад, магар ба иҷозаи Муҳаммад (с).

Б) Кайфари захме, ки бар касе ворид шавад, нодида гирифта намешавад ва касе, ки дигареро ба сурати ногаҳонӣ бикушад, худ ва хонаводааш зиён хоҳанд дид. Магар онки мақтул золим бошад ва Худованд қатъан бар ин масъала доност.

  1. Ҳазинаи яҳудиён бар уҳдаи худи онон ва ҳазинаи мусалмонон бар души худи ишон аст. Ҳар ду гурӯҳ муваффанд дар баробари касе, ки бо имзокунандагони ин аҳднома ҷангид, ҳамдигарро ёрӣ кунанд ва байни онон бояд насиҳат ва некхоҳӣ бошад ва некӣ (вафодорӣ ба аҳд) ҳечгоҳ бо гуноҳ (паймоншиканӣ) баробар нест.
  2. Яҳудиён модоме, ки муъминон бо душман дар ҷанг ҳастанд, дар пардохти ҳазина бо онҳо ҳамроҳ мебошанд.
  3. Даруни шаҳри Ясриб (сипас Мадина номида шуд) барои имзокунандагони ин паймоннома ҳаром аст. (Бинобар ин, буридани дарахтон, шикори ҳайвонот, хушунат ва ҷангу низоъ бо якдигар дар он ҳаром аст)
  4. Касе ки ба яке аз ҳампаймонон паноҳ оварад, агар зиён нарасонда ва паймоншиканӣ накунад, ҳаммонанди шахси паноҳдиҳанда аст.
  5. Ба ҳеч фарде бидуни иҷозаи сарпарасти хонаводааш паноҳандагӣ дода намешавад.
  6. Ҳар гоҳ, ки байни имзокунандагони ин паймоннома иттифоқе ё мушоҷирае рух дод, ки хатари табоҳии паймонномаро дошт, бояд дар он ба Худову Паёмбараш Муҳаммад (с) баргарданд ва Худованд қатъан бо касе аст, ки дар риояи аҳднома парҳезгортар ва вафодортар аст.
  7. Касе ба Қурайш ва касе, ки ононро ёрӣ медиҳад, паноҳандагӣ намедиҳад.
  8. Имзокунандагони аҳднома дар муқобила бо ҳамлакунандагон ба Ясриб (Мадина) якдигарро ёрӣ мекунанд.
  9. А) Ҳар гоҳ яҳудиёни ҳампаймон аз тарафи муъминон ба сулҳе, ки худи муъминон дар он мушорикат доранд, фаро хонда шаванд, дар он ширкат мекунанд. (Дар муқобил) агар яҳудиён муъминонро ба ҳаммонанди он даъват кунанд, муъминон анҷом хоҳанд дод, магар онки сулҳ бо касе бошад, ки бо дини Ислом дар ҷанг аст.

Б) Саҳми ҳар мардуме аз ҳазинаҳо бар уҳдаи худи онон аст.

  1. Яҳудиёни қабилаи Авс, худашон ва вобастагонашон мафоди ин аҳдномаро пазируфтаанд, вафодории холиси имзокунандагонро хоҳанд дошт ва некӣ (вафодорӣ) бо гуноҳ (паймоншиканӣ) яксон нест. Ҳеч паймоншикане чизе магар бар зидди худ ба даст намеоварад ва Худованд қатъан бо касе аст, ки дар риояи аҳднома ростгутар аст.
  2. Ин навишта қатъан золим ва паймоншиканро аз ҷазо боз намедорад. Ҳар касе, ки аз Мадина хориҷ шавад ё ба он ворид шавад, дар амон аст, магар касе ки ситам кунад ё гуноҳ (паймоншиканӣ) кунад. Худованд ба касе, ки вафодор ба аҳднома ва парҳезгор аст, паноҳ медиҳад ва Муҳаммад паёмбари Худо аст.

Манбаъ: https://fararu.com/images/docs/files/000060/nf00060289-2.pdf

Баргардонанда бо баъзе тағйирот аз тарафи М. Файзраҳмонов