Мутаассифона, то кунун дар ин масъала мисли бисёре аз масоилу қазоёи доғ таҳқиқоти ҷиддие сурат нагирифтааст, аммо дар аксари маворид афроди латтукубшуда аз тарафи мақомоти қудратӣ мавриди сарзаниш ва гоҳе муҷрим шинохта шудаанд. Мақомоти қудратӣ, ки шаҳрвандонро мавриди латтукуб қарор доданд, бо баҳонаҳои мухталиф бегуноҳ буромаданд ё дар мавориди камтар онҳо ба камтарин ҷазо, мисли озод шудан аз вазифа, муҷозот шудаанд. Хеле нодир маворид вуҷуд дорад, ки мақомоти қудратӣ барои ҷиноятҳои вазнин мисли қатли боздоштшуда ва монанди он маҳкум ба зиндон шудаанд, ки ин ҷазо дар муқоиса бо ҳаҷму ваҳшати ҷиноят хеле ночиз аст.

Яке аз ноадолаттарин қазияҳои ҳуқуқӣ

Ба таври мисол, яке аз ноадолаттарин қазияҳо (ба назари инҷониб, агар он дар як кишвари демократӣ рух медод, як скандали калони ҳуқуқӣ ва сиёсиеро ба вуҷуд меовард) қазияи зиндониён Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев аст. Ин ду зиндонӣ соли 2013 аз дохили зиндон як навореро пахш карданд, ки дар он дида мешавад, чи тавр маъмурони зиндон онҳоро бераҳмона латтукуб ва шиканҷа карданд ва баданҳои кабуду сурхи худро дар ин видео ҳамчун нишонаҳои шиканҷаву рафтори ваҳшиёнаи зиндонбонҳо нишон доданд. Ба ҷои инки омилони шиканҷа, яъне масъулини зиндон, муҷозот шаванд, баръакс додгоҳ моҳи сентябри 2013 барои “пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин” зиндонӣ С. Тошевро ба 9 соли изофӣ ва ҳамзиндонии ӯ С. Ризоевро ба 7 соли изофии дигар маҳкум кард.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки С. Тошев он вақт 20 соли умрашро дар зиндон гузаронда буд ва қарор буд, каме беш аз 3 соли дигар озод шавад, аммо дар пайи пахши видеои шиканҷа аз дохили зиндон, чандин соли дигар бар солҳои боқимондаи зиндонаш изофа шуд. Аммо омилони шиканҷа, ки мақомоти қудратӣ ҳастанд, барои ин корашон на танҳо ҷазо наёфтанд, балки ин амал онҳоро барои шиканҷаи бештар ташвиқ кард ва боис шуд, ки интиқоми худро аз ин зиндониёни муътариз бигиранд.

“Фармоиш”-и аҷибу ғариби Рамазон Раҳимзода дар латтукуби зане тавассути милиса

Яке аз намунаҳои беадолатӣ ва беҷазо мондани мақомоти қудратӣ ҳамчунин қазияи латтукубу шиканҷаи зани ҷавоне аз тарафи милиса моҳи марти 2019 дар шаҳри Душанбест, ки навори он дар Фейсбук нашр шуд ва ғазаби умумиро дар пай дошт.

Ба ҷои инки ин корманди милисаи шаканҷагар, Сафарбек Маҳмадсаидзода, барои шиканҷаву латтукуби зани ҷавон ба муҷозот кашида шавад, на парвандае алайҳи ӯ боз шуд ва на муҷозоте шуд, ба ҷуз озод шудан аз вазифа. Ба ин иктифо накарда, мақомот ҳама гуноҳро бар души ин зан гузоштаанд, ки гӯё ӯ тартиботи ҷамъиятиро халалдор кардаасту ин милисаи “бегуноҳ” гӯё аз худ дифоъ карда бошад. Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомот, корманди милиса дар ҳолати «казармавӣ» қарор дошт ва дар рӯзи Наврӯз супориши қатъӣ гирифта буданд, ки аз ҳар бетартибӣ пешгирӣ кунанд. Илова бар ин, “фармоиш”-и вазири корҳои дохила, Рамазон Раҳимзода, дар вокуниш ба ҳамин латтукуб ҳамон қиссаеро мемонад, ки қозӣ ба ҷои гунаҳкор кардани дузд, ба сарзанишу маломати соҳибхона мепардозад. Барои камтар кардани ҳаҷми ҷинояти милиса, ҷаноби Раҳимзода ба ҷои калимаи латтукуб ва шиканҷа, вожаи рафтори дағалонаро истифода карда, бештарин маломату сарзанишро нисбати зани қурбонии шиканҷа равона кардааст.

То кунун даҳҳо мавориди латтукубу шиканҷаи шаҳрвандон аз тарафи мақомоти қудратӣ ба расонаҳо роҳ ёфтааст, вале он мавориди ҳамсоне, ки гузориш нашудаанд, даҳ чанд баробари мавориди гузоришшуда шудаанд, вале қариб дар ҳамаи мавориди ошкоршуда, ё мақомдори қудратии шиканҷагар “бегуноҳ” дониста шудааст ё ҳадди аксар бо камтарин ҷазо наҷот ёфтааст.

Аксари мардум дар ҳолати латтукуб ё шиканҷа шудан тавассути мақомоти қудратӣ хомуширо ихтиёр мекунанд ва қиссаҳои талхи худро бо расонаҳо шарик намесозанд, зеро онҳо медонанд, ки агар дар ин маврид лаб во кунанд, онҳо баръакс мавриди азиятҳову даводавҳои бештаре хоҳанд шуд ва ниҳоятан мақомоти қудратӣ пирӯз ва бегуноҳ эълон хоҳанд шуд. Яке аз асбоби эътимоди ба шиддат ками мардум ба мақомоти қудратӣ, бахусус милисаи тоҷик, ҳамин аст.

“Ҳифзи ҳайбат”-и мақомот сабаби аслии ноадолатиҳои мазкур

Дар тамоми кишварҳои ғайридемократӣ ва худкома, аз ҷумла Тоҷикистон, ки раҳбарияти ин кишварҳо барои идомаи бақои худ дар қудрат аз роҳҳои ғайриқонунӣ истифода мекунанд, мақомоти қудратии ин кишварҳо аз салоҳиятҳои саркубгарии зиёде бархурдор ҳастанд ва дар сурати расонаӣ ва ё додгоҳӣ шудани мавориди латтукубу шиканҷаи шаҳрвандон, мақомот саъй мекунанд, то гуноҳро бар души шаҳрвандони латтукубшуда бигзоранд ва омилони ҷиноятро, ки аз худи мақомот ҳастанд, сафед кунанд. Ин ба он хотир аст, ки “ҳайбат”-и мақомоти қудратӣ ба таври умум ҳифз шавад ва як фазои тарсу руъб  аз ниҳодҳои қудратӣ миёни шаҳрвандон ҳамеша вуҷуд дошта бошад, то мардум ҷуръати баланд кардани овози худ дар баробари ноадолитҳоро аз даст бидиҳанд ва ҳамчунин бо ҷамъ шудани чунин овозҳои мунтақид бо мурури замон аз эътирозҳои оммавию тазоҳурот ҷилавгирӣ шавад.

Раҳбарони кишварҳои ғайридемократӣ ва худкома, аз ҷумла Тоҷикистон, хуб медонанд, ки мардум ҳамон қадар ҷасорати бештар паёдо кард ва ҳамон қадар мардум аз ноадолатиҳо бохабар шаванд, ба ҳамон андоза бар зарари ҳукумат тамом мешавад. Барои ҳамин аст, ки дар чунин кишварҳо ба мақомоти қудратӣ салоҳиятҳои бениҳоят зиёд дода мешавад ва аз ҳар гуна қонуншиканиҳои онҳо то ҳадди имкон чашмпушӣ мешавад.

Барои рушанӣ дохтани бештар дар ин мавзуъ ду мисол меорам.

Бино ба гуфтаи манбаъе муътамад, дар пайи дахолати яке аз фарзандони президенти Тоҷикистон дар як қазияи марбут ба маводди мухаддир чанд сол пеш, яке аз раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ба Э. Раҳмон мегӯяд, ки аз дахолати яке аз фарзандонаш дар ин қазия ҷилавгирӣ намояд. Дар иваз, Э. Раҳмон ба он нафар мегӯяд, имрӯз ҷасорат карда, фарзанди манро мегӯед, фардо шояд аз ман танқид кунед. Ҳамин тавр, президент ба ҳама гирду атрофаш фаҳмонд, ки ба ҳеч ваҷҳ дар мавриди фарзандҳояш чизе нагӯянд ва ҳамин тавр худи раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ аз камтарин интиқод аз амалкарди фарзандону наздикони президент, ки бе он ҳам аз иммунитети ҳуқуқии фароқонунӣ бархурдор ҳастанд, ҳароси шадид доранд.

Шояд аз қазияи Ҷулио Реҷенӣ, донишҷуи итолиёии давраи докторӣ дар Донишгоҳи Кембриҷ, ки моҳи январи 2011 дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, нопадид шуд ва сипас пайкари мурдаи нимбураҳнааш бо осори оташи сигор ва нишонаҳои шиканҷа пайдо шуд, ошно бошед. Агар ӯ шаҳрванди Миср мебуд, кайҳо ин қазия мисли садҳо қазияи нопадид шудани шаҳрвандон фаромуш шуда буд. Аммо ба далели инки ҷаноби Реҷенӣ шаҳрванди Итолиё буд, ин кишвар миллионҳо доллар сарф кард ва равобити ду кишвар, Итолиёву Миср, осеб дид, то ҳақиқати қатли ӯ маълум шавад. Дар воқеъ, ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, ӯ тавассути мақомоти пулис ва амниятии мисрӣ боздошт ва мавриди зарбу шатм қарор гирфт, ба қатл расид. Аммо ҳукумати Миср барои сафед кардани обрӯи худ дар пайи фишорҳои кишвари Итолиё маҷбур шуд, борҳо вариянти қатли ӯро тағйир бидиҳад. Қатли ин донишҷуи урупоӣ нишон дод, ки чӣ тавр ҳукуматҳои худкома ва диктаторӣ барои сафед кардани худ ба ҳама гуна дурӯғ ва саҳнасозӣ мутавассил мешаванд.

Хулоса

Мақомоти қудратӣ ба ҷои анҷоми вазоифи худ, ки амнияти шаҳрвандон ва эътои ҳақ ба ҳақдор аст, худ ба омилони халалдор шудани амнияти шаҳрвандон ва нақзи ҳуқуқи асосии онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамзамон аз анҷоми он ҳаросе надоранд. Зеро мақомоти қудратӣ медонанд, ки раҳбарияти кишвар барои ҳифзи қудрат ба бозӯву зури онҳо иттико мекунанд ва дар сурати анҷоми хилофе аз онҳо дифоъ хоҳанд кард. Ва натиҷаи табиъии он афзоиши беэътимоди мардум ба мақомоти қудратӣ ва ваҳшонияти бештару бераҳмтар шудани мақомоти қудратӣ нисбати шаҳрвандон мебошад.

Ба ин маъност, ки ҳар қадар ҳукумат худкоматару авторитаритар шавад, ба ҳамон андоза ваҳшигарии мақомоти қудратӣ афзоиш меёбад.

Э. Раҳмон ва атрофиёнаш аз ин бедодгарӣ ва ваҳшигарии мақомоти қудратӣ бохабар ҳастанд, аммо барои ҳифзу идомаи бақоашон дар қудрат ниёз ба “ҳайбат”-и мақомоти қудратӣ ва идомаи мавҷудияти фазои тарсу руъб миёни шаҳрвандон доранд.

М. Файзраҳмонов

Манбаъ: Хабаргузории “Паём”