Шоми дирӯз раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз маъруфтарин маҳофили илмиву коршиносии Амрико — Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон суханронӣ намуд.
Дар ин суханронӣ ӯ на танҳо аз ҳукумати Тоҷикистон интиқод кард, балки иштибоҳҳои содиршуда аз ҷониби мухолифинро ҳам зикр намуд, ки сабаби иҷро нашудани созишномаи сулҳ шуданд ва дар натиҷа дар шаклгирии як ҳукумати диктотуриву хонаводагӣ таъсир доштанд.
Замони ин суханронӣ интернет дар саросари Тоҷикистон қатъ шуд ва 8 миллион аҳолии кишвар барои беш аз як соат аз робита бо ҷаҳон бурида шуданд. Паём дар ин мавзӯъ сӯҳбате дошт бо Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули равобити хориҷии Паймони миллии Тоҷикистон.
— Ба назари шумо оё воқеъан қатъи барқ ба баромади раиси ПМТ бастагӣ дошт ё тасодуф буд?
М.Ф.: Тасодуфӣ буд ё рабте ба суханронии раиси ПМТ дар Донишгоҳи Вашингтони ИМа доштро намедонам ва масъулини тоҷик ба ин суол ҷавоб бидиҳанд. Аммо ҳама яқин медонанд, ки интернет ба таври бесобиқа дар ҳама ширкатҳои интернетрасон дар замоне қатъ шуд, ки суханронии М. Кабирӣ шуруъ шуд ва пас аз анҷоми ин гуфтугӯ интернет дубора барқарор шуд. Ҳамон тавре, ки дар остонаи 40-солагии ҲНИТ дар дохили кишвар, ки меҳмонони зиёд ҲНИТ қарор буд вориди кишвар шаванд, яке якбора ба таври бесобиқа ҳама васоили содиркунандаи визаи электронӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз кор монданд, инаш ҳам мисли ҳамон аст.
Аммо ин амалкарди мақомоти тоҷик чанд чизро ошкор кард. Якум инки бархеҳо иддао мекунанд суханон ва суҳбатҳои онлайнии Муҳиддин Кабирӣ ва дигар мухолифини тоҷик таъсири чандоне дар дохили кишвар надоранд, асос надорад. Агар суханони раҳбари ПМТ таъсире, ва он ҳам ба забони англисӣ, надошта бошанд, пас чаро интернетро дар ҳамон замони суханрониаш қатъ мекунанд? Барои маълумот, чандин нафароне аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо гуфтанд, ки ба сабаби қатъи интернет натавонистанд дар ин барномаи онлайнӣ ширкат кунанд ва хостори он шуданд, ки ҳар чи зудтар видеои ин барнома мунташир шавад.
Дуюм, ин суханронӣ ва гуфтугӯ дар яке аз маъруфтарин марказҳои тақиқот ва пажушиҳишии дунё анҷом ёфт ва маҳз инки хабар расид, ки интернет дар Тоҷикистон дар замони баргузории ин барномаи онлайнӣ қатъ шуд, коршиносон ва пажуҳишгарони амрикоӣ ва ғарбӣ, ки дар ин гуфтугӯ ширкат доштанд, ба ҳайрат даровард. Ин амалкарди мақомоти тоҷик натиҷаи баръакс дод ва ҳамзамон як далеле воқеъӣ барои коршиносони ғарбӣ, аз ҷумла амрикоӣ, дар мавриди исботи гуфтаҳои Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди рафтори саркубгаронаи ҳукумат бо мухолифини мусолиматомез буд.
— Маҳфиле, ки дар он ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ дар он суханронӣ карданд чӣ маҳфилест ва чӣ қадар таъсиргузор асту чӣ манфиъатҳое барои мухолифин дошта метавонад?
М.Ф.: Ин маҳфили онлайнӣ бо ташаббуси Барномаи Осиёи Марказӣ (The Central Asia Program) дар Донишгоҳи маъруфи Ҷорҷ Вашингтони ИМА, ки як боризтарин ва маъруфтарин марказҳои пажуҳишӣ дар робита бо Осиёи Марказӣ дар сатҳи ҷаҳон ба шумор меравад, баргузор гузошт.
Илова бар ин, дар ин маҳфили онлайнӣ бо эътирофи мизбонони он беш аз 150 пажуҳишгари амрикоӣ ва ғарбӣ, сафирону кормандони корпусҳои дипломатӣ, мудофеъони ҳуқуқи башар ва журналистон ширкат карданд. Чунин адади бузурге аз пужиҳишгарону дипломатҳо ва журналистону фаъолони ҳуқуқи башар дар ин маҳфил ҳатман таъсири худро дорад.
Аз ҳама муҳим, бо эътирофи коршиносони ғарбӣ, Муҳиддин Кабирӣ ҳам дар суханрониаш ва ҳам дар додани ҷавоб ба суолҳо дурахшид, ҳарчанд маҳфил ба англисӣ баргузор шуд ва он паёмҳоеро, ки мехост ба ҷомеаи байналмилалӣ бирасонад, ба таври хуб ва ҳирфаӣ расонд.
Агар ба матн ва муҳтавои гуфтугӯи М. Кабирӣ нигоҳе кунед, маълумотҳои хеле муҳим дар масоили мухталифи кишвар ва минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа кард ва ҳамзамон ин маълумот метавонад барои ҳукумати Тоҷикистон хеле нигаронкунанда ва нороҳаткунанда бошад. Рӯзи 16-уми сентябри 2020, ки 5 сол пеш ҳукумат дар ин рӯз даҳҳо аъзои аршади ҲНИТ-ро бо туҳматҳои беасос боздошт карда буд, М. Кабирӣ ба таври ҳирфаӣ дуруғҳои ҳукуматро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор кард ва воқеан бурди мухолифини тоҷик буд.
— Раҳбари Паймони миллӣ бар ин таъкид кард, ки аслитарин сабаби фурӯ рафтани Тоҷикистон ба ботлоқи фасоду фақт ва низоми диктотурӣ иҷро нашудани Созишномаи умумии Сулҳ буд ва эътироф намуд, ки яке аз сабабҳои иҷро нашудани созишнома гузаштҳои мухолифин ба хотири сулҳу субот буд. Хуб, агар гузаштҳо иштибоҳ буданд, ба назари шумо гузинаи саҳеҳ кадом буд?
М.Ф.: Ба назари шахсии инҷониб, ки худ шоҳиди зиндаи ин рӯзгор будам, мухолифини тоҷик аз рӯзи аввали музокирот ба тавозуни қудрат чандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ надоданд, ки рӯз ба рӯз ҳукумат аз ҳисоби мухолифини қавитару қавитар мешуд, вале мухолифин дар иваз заифтар. Агар мухолифини тоҷик ба арзишҳо ва тавозуни қудрат таваҷҷуҳ медоданд, шояд ба ин рӯз намерасидем, ки дар натиҷа ҳам миллат зарба хурд ва ҳам худи мухолифин.
Мухолифини тоҷик ҳамин ки интихоботи 1999-ро бо он ҳама тақаллуб ва бо ду курсӣ қабул карданд ва инки аъзои аршади он кушта шуданд ё зиндонӣ шуданд ва онро “табиати роҳ” қаламдод карданд, сайри нузулӣ шиддат гирифт ва ниҳоят ба қурбоние табдил шуд, ки бояд хурда мешуд.
Ҳоло маълум шуд, ки амнияту сулҳи бидуни озодӣ дар ниҳоят амнияту сулҳро низ аз байн мебарад ва ҳечгоҳ зиндагии шарофатмандона намесозад, баръакс ҳама чизро месузонад ва ҷуз саҳрои беоберо боқӣ намемонад.
— Ҷаноби Кабирӣ гуфтанд, ки дар бораи истифодаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар нуқтаҳои доғе мисли Афғонистон, Сурия ва Либия сӯҳбат меравад ва ӯ дигар бо боварӣ наметавонад ба тарафҳои даргири ин низоъҳо машварат бидиҳам, ки силоҳатонро ба замин бигзоред, ҳатто агар созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафиле ҳам ба шумо замонати амниятро дар оянда бидиҳанд. Зеро сулҳи тоҷикон бо миёнҷигарии ООН имзо шуд ва кишварҳои кафил, мисли Русия ва Ирон ба он имзо гузоштанд, аммо пас аз саркӯбшавии як тарафи сулҳ на СММ ва Русияву Ирон садо баланд накарданд ва имрӯз ҳам касе аз Раҳмон суол намекунад, ки чаро сулҳро поймол кард. Яъне ба замин гузоштани силоҳ иштибоҳ буд? Гузинаи дигари он бояд чӣ мешуд?
М.Ф.: Ба назари ман, қарордоди сулҳ, ҳатто қарордодҳои тиҷоратӣ, бояд ба гунае баста шаванд, ки ҳамеша дар зеҳн дошта бошем, ки ин байни ду инсон ё ду гурӯҳе аз инсонҳо баста мешаванд, ки ғаризаҳои пинҳони инсонӣ доранд ва ҳар лаҳза метавонад тағйир бихуранд. Аз ин ҷиҳат аст, ки қарордодҳои сулҳу оштии муваффақ дар тули таърих ҳамон қарордодҳое ҳастанд, ки ҳамагуна пешгирӣ аз худхоҳӣ ва ҳирсу ҷоҳхоҳии инсонро дар бар гирифтаанд.
Мухолифини тоҷик дар воқеъ самимӣ буданд ва фирефтаи бечоранолию “дилсузӣ”-и Раҳмонро хурданд, ки дар пушти он хоҳишоти нафсонии интиқомҷуию решаканиҳо пинҳон буд.
Мутаассифона, ин ҳама гузашт ва онро баргардонда наметавонем, вале бояд барои мухолифин дарси ибрат бошад.
— Ҳоло бо иҷозаи шумо аз мавзӯъ каме канор равем ва ба як суоли дигаре пардозем. Ин дилсардӣ аз созмонҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ ва кишварҳои кафили демокросӣ на танҳо дар Тоҷикистону байни тоҷикон, балки дар тамоми дунё эҳсос мешавад. Ба назари шумо ин амр чӣ авоқибе барои демокросӣ ва сиёсатҳои глобалӣ дошта метавонад?
М.Ф.: — Мутаассифона, ин сайри танозулии демократиясозӣ аз ҳамаи манотиқи дунё дида дар минтақаи мо бештар эҳсос мешавад. Зеро илова ба Аврупову Амрикои шимолӣ, вазъият ва мизони демократия дар кишварҳои Амрикои Лотинию Ҷануби Шарқи Осиё ва ҳатто дар бисёре аз кишварҳои африқоӣ беҳтар буда, дар ҳоли тағйир аст. Аммо минтақаи мо бо он абарқудратҳо, аз ҷумла Чин, ки дар ин минтақа арзи вуҷуд доранд, вазъият ва мизони демократия дар минтақаи мо хеле бад аст.
Аз ин рӯ байни амалкарди ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ фарқ вуҷуд дорад. Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳуқуқ-башарӣ, хеле фаъолтар аз ҳукуматҳои кафили демократия ҳастанд. Ба таври мисол, Гурӯҳи кории СММ оиди боздоштҳои худсарона бидуни ягон дипломатия ва ба таври возеҳ дар мавриди 15 зиндонии сиёсӣ хулосаҳои худро мунташир кард ва боздошти ишонро ғайриқонунӣ шумурд ва хоҳони озодии бе қайду шарти онҳо шуд. Вале масъала дар қазияи ҳуҷуми террористии Данғара, ки ҳукумат бо вуҷуди эътирофи ДОИШ онро бар души ҲНИТ бор кард, фарқ мекунад. Ҳукуматҳое, ки шаҳрвандонашон дар ин ҳуҷум қурбонӣ шуданд, хуб медонанд, ки ин кори ҲНИТ набуд, аммо ба хотири ҳифзи манофеъи худ инро ба таври ошкор нагуфтанд ва ҳарчанд версияи ҳукуматро қабул накарданд.
Ноамнтар шудани минтақаи ҳечгоҳ ба манфиати кишварҳои ғарбӣ нахоҳад буд. Ба таври мисол, муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо баъди саркубии ваҳшии 2015 дар Тоҷикистон якуякбора ба шиддат афзуд ва ҳар қадар кишварҳои минтақаи узви САҲА, ки аз нигоҳи гео-палитикӣ ҳамҷивори Аврупо ба шумор мераванд, ноамнтар шаванд, ҳамон қадар бар зарари демократия ва сиёсатҳои глобалӣ хоҳад буд. Ба таври мисол, ҳамин мушкилие, ки дар интихоби раҳбарони САҲА ва ниҳодҳои тобеи он рух дод, нишонгари он аст, ки кишварҳои диктотурӣ боиси мушкилоти зиёде хоҳанд шуд.
— Яке дигар аз эътирофҳои раиси ҲНИТ ин буд, ки гуфт ҳизбаш бояд дар шаклгирии ҷомеъаи шаҳрвандӣ саҳм мегузошт, ки нагузошт. Як ҳизб то чӣ ҳад метавонад дар ин кор саҳм бигирад ва чаро ҷаноби Кабирӣ ҳоло ин корро яке аз масъулиятҳои ҲНИТ медонад?
М.Ф.: — Инҷониб муътақид аст, ки як ҳизб ё ҳаракат наметавонад ҷомеаи шаҳрвандиро бисозад ва агар кадом ҳизб ё ҳаракате барои худ чунин стратегияеро насб кунад, на танҳо аз уҳдаи он намебарояд, балки он ҳизб ё ҳаракат як дардисаре бар ҷомеаи шаҳрвандӣ мешавад, зеро он ҳизб ё ҳаракат ҷойгоҳи худро аз дигарон болотар эҳсос мекунад, дар ҳоле ки худ ҷузъе аз ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад. Ташаккули як ҷомеаи шаҳрвандии қавӣ маҳсули табии фазои озоду демократӣ мебошад ва онро намешавад ба таври сунъӣ сохт.
Бале, як ҳизб ё ҳаракат дар тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад саҳм дошта бошад, ҳамон тавре, ки раиси ҲНИТ таъкид кард.
Ба назари банда, агар мухолифини тоҷик, чӣ тавре пештар гуфтам, тавозуни қудратро ҳифз мекард ва дар кишвар як фазои озоду демократия ҳукмфармо мешуд, ҷомеаи шаҳрвандӣ худ ба худ тақвият меёфт.
— Ҷаноби Кабирӣ гуфтанд, ки ҳукумат кӯмакҳои кишварҳои ҳомии демокросӣ ва созмонҳои байналмиллалиро, ки барои таҳқими демокросӣ дода мешаванд, барои таҳкими қудрати худаш истифода мекунад ва бояд ин механизм бозбинӣ шавад. Бозбинии он бояд чӣ гуна бошад ва икшварҳо дар чӣ шакле бояд дар таҳкими демокросӣ саҳм гузоранд?
М.Ф.: — Ин масъала ҷанбаҳои зиёд ва печидае аст, вале мешавад ба таври умум ба чанд нуқта ишора кард. Яке метавонад ин бошад, ки кишварҳои демократӣ дар механизми расондани маблағҳо дар зерсохторҳо ҷиддитар бошанд ва шартҳои қотеъ дошта бошанд, ки он маблағҳо тибқи барнома масраф шаванд, на ба нафъи як гурӯҳ ё як хонавода.
Ҳамчунин, кишварҳои кафили демократия дар ҳама гуна тақдими кумакҳо на танҳо ба масоили ҳуқуқи башар таъкид кунанд, балки аз ҳукумати Тоҷикистон корҳои мушаххас дар масоили ҳуқуқи башар ва рушди демократия талаб кунанд.
Маблағҳо ва кумакҳо яке аз қавитарин васоиле ҳастанд, ки тарафи ҳукуматро маҷбур ба гузаштҳо ва ақибнишиниҳо дар масоили марбут ба ҳуқуқи башар ва рушди демократия мекунад. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбӣ ба Тоҷикистон кумакҳои каме намефиристад ва ҳамзамон равобити тиҷоратӣ дорад.
Манбаъ: Паём.нет