Ҳамватанони азиз, видеоро инҷо тамошо кунед! (Қазияи Бобои Дона – Сукут ҷиноят аст)

Ҳамватанони гиромӣ ва хоҳарону бародарони азиз!

Шоматон ба хайр! Умедворам, ки сиҳҳату саломат бошеду Худованди карим ҳамаи мову шумо ва тамоми миллати тоҷикро аз газандҳои заминию осмонӣ нигаҳбон бошад.

Имрӯз дар мавриди қазияи Бобои Дона суҳбат хоҳем кард ва ман Маҳмудҷон Файзраҳмонов муҷрии барнома ҳастам. Меҳмонони имрӯзи мо Зафар Суфӣ, шоир ва муассиси расонаҳои “Озодагон” ва Алим Шерзамонов, муовини раҳбари ПМТ ҳастанд.

Донаёр Набиев, маъруф ба Бобои Дона, истиқоматкунандаи деҳаи Гулбӯттаи ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар соли 1934 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Боздошт

Бино ба гуфтаи наздиконаш, мақомоти Тоҷикистон дар моҳи сентябри 2020 шаҳрванд Донаёри Набиеви 87-соларо ба иттиҳоми кумак бо зиндониён ва хонаводаҳои онҳо боздошт карданд.

Ҳукм

Бар асоси гузоришҳои расида аз Тоҷикистон, Додгоҳи н. Исмоили Сомонии ш. Душанбе дар мурофиае дар паси дарҳои баста ӯро ба 5 сол зиндон маҳкум кард. Иттиҳомот алайҳи ӯро мақомоти тоҷик расман эълон накардаанд, вале бар асоси гуфтаи наздиконаш, ин мӯйсафеди 87-сола ба иттиҳоми кумак ба зиндониён ва хонаводаҳои онҳо равонаи зиндон шудааст.

Макони нигаҳдорӣ

То ҳол мушаххас нест, ки мақомот ӯро ба кадом зиндон мунтақил мекунанд. То замони эълони ҳукмаш, ӯ дар СИЗО-и шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешуд.

Боздошт махфӣ, мурофиа пушида ва ҳукму иттиҳомот ноошкор

Мақомоти тоҷик аз боздошти ин шаҳрванди 87-сола ва сабаби боздошт хабаре нашр накарданд ва ҳамчунин мурофиаи ӯ дар паси дарҳои баста баргузор шуд. Ҳарчанд як манбаъ дар Додгоҳи н. Исмоили Сомонӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ маҳкум шудани ин муйсафеди зери синни 90-ро тасдиқ кард, аммо то ҳол мақомот дар бораи ҳукм ва иттиҳомот алайҳи ӯ расман шарҳе надодаанд.

Инсони шариф ва хайрхоҳ

Онҳое, ки ӯро мешиносанд, аз ӯ як инсони дилсузу хайрхоҳ ёд мекунанд. Хайрхоҳӣ ва кумакҳои ӯ нисбати камбизоатону ниёзмандон ва зиндониёну хонаводаашон мерасид. Бобои Дона дар рӯзҳои ид ва дигар муносибатҳо ҳадяҳое ба кудакони нодору хонаводаҳои камбизоат тақдим мекард.

Ҳукме, ки ҷомеаро такон дод

Дар пайи расонаӣ шудани хабари маҳкум шудани бобои Донаёр Набиев ба 5 сол зиндон, ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба суръат мавриди таваҷҷуҳи корбарони тоҷик қарор гирифт ва чанде нагузашта ин хабар дар расонаҳои дохилию хориҷӣ ва Твиттер роҳ ёфт. Шахсиятҳои маъруфи тоҷик ва мудофеъони ҳуқуқи башар низ дар ин маврид изҳори назар карданд.

Исфандиёри Назар, шоири тоҷики муқими Олмон, дар мавриди зиндонӣ шудани Бобои Дона чунин шеъреро дар саҳифаи фейсбукии худ чунин гуфт:

Ашк месӯзад маро, сӯзад фиғон ҳам,

Сина месӯзад маро аз нола, ҷон ҳам.

Фаслҳо бигзор, фасли одамият

Мерасад бар хатти поён, расми он ҳам.

Ҳам мусулмон буданат имрӯз ҷурм аст,

Ҳам ба дунё омадан дар ин замон ҳам.

Ҳаққи мардонро намедонам дигар чист,

Поймол аст ин замон ҳаққи занон ҳам.

Ҳарфи озодӣ махон аз кишвари мо,

Пир дар зиндон бувад инҷо, ҷавон ҳам…

Саволҳо:

  1. Савол ба ҳар ду меҳмонон. Ҳамчун инсон ба ин қазия чӣ тавр нигоҳ мекунед?
  2. Савол ба З. Суфӣ. Бисёре аз шахсиятҳо вокуниш нишон доданд ва Шумо низ вокунш карда, онро фоҷеа хондед. Шумо дар ин паёматон гуфтед, агар онҳое, ки иддаои озодию ҳуқуқи башар мекунанд, ҳама бо ҳам вокуниш накунанд, бираванду бимиранд. Хитобатон бештар ба миллат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Оё фикр намекунед, ки камтар сахттар гуфтед?
  3. Савол ба А. Шерзамонов. Шумо ки як сиёсатмадори мухолиф ҳастед. Бархе аз фейкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки ҷиноят ҷиноят аст фарқаш чист кӣ анҷомаш додааст ва бояд ҷавоб гӯяд. Ҷавоби Шумо чист?
  4. Савол ба З. Суфӣ. Ҳукумат чаро ин қазияро махфӣ нигоҳ дошт?
  5. Савол ба А. Шерзамонов: Ҳукумат ҳамеша бо иддаоҳое мисли қазия ҳассос аст ва мурофиа пушидааст парвандаҳоеро мисли парвандаи Бобои Дона муҳри махфӣ мезанад. Чаро? Аз чӣ метарсад?
  6. Савол ба З. Суфӣ. Фейке ба номи Восеъ Паҳлавӣ посте аз номи Абдурасул Забиров истиқоматкунандаи деҳаи Гулбутта, дар Фейсбук мунташир карда, ӯро хиёнтакор, пири бехирад, ҳамдастӣ бо шахсони ҷиноятпеша ва оилаҳои онҳо ва ғайра номид. Дар ин нома омадааст: “Аммо афсӯс, ки Дона Набиев то рафт ба синни пирӣ расиду майл ба хиёнати Ватан кард.” Дар идома гуфтааст: “Ӯ ҳамчун миёнарав тамоми бадхоҳони дар дохили кишварбударо маблағгузорӣ мекард. Дона Набиев, ки бо риши дарозу мӯйҳои сафеди худ, ки дар сини ҳаштодсолагӣ қарор дошт, бояд ба зикри офаридагор машғул мешуду аз амалҳои содирнамудаи худ аз Худованд талаби бахшиш мекард. Аммо ӯ ёди Худовандро аз дил берун гузоштаву тамоми сайъу кӯшиши худро барои дастгирӣ намудани шахсони ҷиноятпешаву аъзои оилаи онҳо равона намуд.”
  7. Савол ба А. Шерзамонов. Чаро ҳукумат дар ин қазия ва қазияҳои ҳаммонанди он хомуш меистаду фейкҳо назари ҳукуматро мегӯянд? Оё ҳукумат ва ниҳодҳои он сухангӯ надоранд? Ин кори ҳукумат ба чӣ далолат мекунад?
  8. Савол ба З. Суфӣ. Ҳукумат ин қадар корманд дорад, чаро боз фейкҳо ҷавоб медиҳанд? Оё мешавад ин ҳукуматро як ҳукумати фейкӣ гуем?
  9. Савол ба А. Шерзамонов. Чаро ҳукумат шаҳрвандони худро бо иттиҳомоти бардурӯғ равонаи зиндон мекунад ва тамоми молу мулкро мусодира мекунад. Сипас, ҳукумат монеъи кумак ба зиндониён ва хонаводаи онҳо мешавад. Оё кумак ба зиндониён ва хонаводаҳои онҳо ҷиноят аст?
  10. Савол ба З. Суфӣ. Бовар доред, ки ин дафъа низ ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ҳукуматро маҷбур кунад, ки Бобои Донаро озод кунад ё ҳадди ақал осонтар кунад?