Оё ҲНИТ “фабрикаи ҷавоб” дорад?

Ҳамватанони азиз, видеоро инҷо тамошо кунед! (“Бобои Дона, изҳороти ВКД ва назари Муҳиддин Кабирӣ” (Оё ҲНИТ “фабрикаи ҷавоб” дорад?)

Ҳамватанони азизу гиромӣ ва бинандагони арҷуманд!

Ба барномаи имрӯзи мо хуш омадед!

Умедворам,ки сиҳҳату саломат ҳастед!

Меҳмони имрӯзи мо устод Муҳиддин Кабирӣ ҳаст. Устод, салому алейкум, хуш омадед!

Мавзуъи суҳбати мо бобои Дона, изҳороти ВКД ва назари Шумо аст.

Ҳоло бевосита меравем ба саволҳо.

Саволҳо:

1.Изҳороти дирӯзи ВКД ҶТ нахустин изҳори назари расмии ҳукумат дар мавриди қазияи Бобои Дона буд, чаро мақомот то дирӯз хомуш буданд, танҳо дирӯз, ҷумъа, ва он ҳам бегоҳ соати 19:30 изҳорот паҳн карданд?

2.Ӯро бо ташкили фаъолияти ташкилоти террористӣ муттаҳам карданд. Яке аз далелҳои дарҷшуда дар ин изҳороти ВКД ин аст: “дарёфти маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошуда” аз масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм. Пештар мегуфтанд, кишвари ба ҳама маълум… ҳоло чаро давлатҳои муайян? Назари Шумо ба иттиҳом чист?

3.Дигар аз далелҳо дар мавриди иттиҳомот ин аст: “паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ”. Ин ба маънои ин аст, ки бобои Дона, бар асоси ин изҳорот, корҳои ҳизбиашро идома медодааст. Дар дигар ҷои изҳорот низ ба чунин иддао таъкид шудааст. Оё дар Тоҷикистон аъзои ҳизб то ҳол фаъолият мекунанд?

4.Далели дигари мақомот ин аст, ки гуё ӯ ҳамчунин ҷавононро ба ҷиҳод даъват мекардааст ва ба “ҷамоати Ансоруллоҳ” дар Афғонистон тавассути н. Панҷ кумаки молиявӣ мекардааст. То чӣ ҳад ин иттиҳом дуруст аст?

5.Як чизе ки шояд дар изҳорот нав аст. Ин аст, ки мақомоти тоҷик “ҷамоати Ансоруллоҳ” дар шимоли Афғонистонро “қаноти ҷангӣ”-и ҲНИТ хондааст. Оё ҲНИТ қаноти ҷангӣ дорад? Дар умум, оё ҲНИТ алоқае бо созмонҳои террористӣ дорад?

6.Оё интизор доштед ки ӯро бо гуруҳҳои террористӣ рабт медиҳанд?

7.Чаро ҳукумат кушиш мекунад, ки ба ҳар навъе шуморо ба ягон созмонҳову гурӯҳҳои ифротӣ рабт диҳад?

8.Назари шумо ба ин иддаоҳо чист: Бобои Дона дар қатли омми мардуми Хатлон даст доштааст ва қозии ҲНИТ будаасту ҳукми қатли чандин нафарро содир кардааст?

9.Ҳарчанд ӯ дар Рудакӣ зиндагӣ мекардааст, чаро дар изҳорот “қатли мардуми маҳаллии вилояти Хатлон”-ро зикр кардааст. Ба назаратон ин ҳадафмандона аст?

10.Яке аз далелҳои дигар ин будааст, ки бобои Дона “қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст”. Ин дар ҳолест, ки Шумо ӯро як инсони шариф ва хайрхоҳ тавсиф мекунед. Ҳадаф аз овардани ин иттиҳом чист?

11.Маълумоти нодуруст дар соли таввалуди бобои Дона ва чанд сол зиндон шуданаш ва замони боздошташ ва ғайра дар баёнияи ҲНИТ ва навиштаҳои мухолифин дида мешавад. Чаро чунин маълумотро дақиқ намекунед? Оё фикр намекунед, ин ба мисдоқияти шумо латма ворид мекунад?

12.Дар ахири изҳорот омадааст: “Ҳама дар назди қонун баробаранд” (мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд, новобаста аз ҷинсият, синну сол (баъди расидан ба балоғат) дар назди қонун барои кирдорҳои ҷинояткоронааш ҷавоб мегӯяд. Ҷавоби Шумо чист?

13.Дар ин изҳорот ҷанги шаҳрвандиро ҷанги таҳмилӣ хондааст ва боз омадааст, ки тавассути ҲНИТ сурат гирифт. Чаро чунин иддаоҳо аз даврони ҷанг имрузҳо дар изҳорот ва суханони мақомот бештар шудааст?

14.Суистифода аз қазияи Дона. Масалан шумо мегуфтед ки ба хотири кумакаш ба зиндониён ӯро боздошт кардаанд. Аммо дар изҳорот дигар чизҳо дида мешавад. Ин суистфода аз як қазия ё гирифтани имтиёзи сиёсӣ аз як қазияи инсонӣ нест?

15.Ин нахустин изҳори назари расмӣ аз тарафи ҳукумат буд… вале то кунун чандин фейкҳо гуфтанд, ки ӯ ба “ҷиноятпешагон” ва хонаводаашон кумаки молӣ мекард? Оё кумаки зиндонӣ, бахусус дар кишваре ки ҳам зиндонӣ мекунад ва ҳам мусодираи амвол, мисли ҳодисаи Зайд Саид, ҷиноят аст?

16.Чаро фейкҳо ва “фабрикаи ҷавоб” ба ҷои ҳукумат, ки тамоми будҷаи кишвар дар дасташ аст, ҷавоб медиҳанд?

17.Шумо дар ҲНИТ ва ПМТ низ “фабрикаи ҷавоб” доред?

18.Ба назаратон, қазияи бобои Дона метавонад ба як қазияи миллӣ мисли қазияи Ҳамза табдил ёбад?