Ҳамватанони азиз, видеоро инҷо тамошо кунед! (Барқ нест. Кай бебарқӣ ба афсонаи “Бузаки ҷингалапо” табдил мешавад?)
Чаро мардум дар Тоҷикистоне, ки аз фаровонии обҳои табии ва рудхонаҳо бой аст, аз надоштани барқ ранҷ мебарад?
Ваъдаи президент дар соли 2017 чӣ шуд? Ҳарчанд аз соли 2017 лимити барқ ба сабаби “авария”-и чанд дастгоҳҳо дар Талко расман бекор шудааст, аммо мутаассифона чунин нашуд. Сокинон дар саросари кишвар аз қатъи интиқоли барқ ба хонаҳояшон шикоят мекунанд. Имсол шуруъ аз моҳи август шаҳрвандан аз камбудии барқ шикоят мекунанд? Оё бебарқӣ воқеан афсона шудааст? Ё кай ин мушкил ба як афсона ва ҷузъи таърих табдил мешавад?
Аз замони омадани Э. Раҳмон дар соли 1992 то кунун яъне дар муддати 28 сол ин мушкил ҳалли худро наёфтааст. Чаро? 28 сол вақти кам аст, ки як ҳукумат натавонад мушкили барқро ҳал кунад ва он ҳам дар як кишвари дорои обҳои зиёди табиӣ?
Оё воқеан дар ҳар сол оби обанборҳо кам мешаванд ва системаи барқро дар ҳар фасли замистон таъмир мекунанд? То чӣ ҳад иддаоҳои мақомот дуруст аст? Наход ҳар сол ва он ҳам ҳудуди 30 сол?
Бинобар омори расмӣ Тоҷикистон дар моҳи октябр ба хориҷи кишвар ба маблағи 2 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст. Тоҷикистон дар соли гузашта 2020 бо маблағи 50,3 миллион доллар ба се кишвар – Узбекистон, Афғонистон ва каме ба Қирғизистон барқ фурӯхтааст.
Кӣ азоб мекашад дар рузҳои сарди замистонӣ ва кӣ ранҷ мебарад, мардуми оддии кишвар. Аммо онҳое ки аз фурухтани барқ истифода мебаранд, ҳечгоҳ бебарқ набуданд ва нестанд ва хонаҳояшон гарм аст.
Кай мушкили бебарқӣ ба афсонаи Бузаки ҷингалапо” табдил мешаваду мисли ҳамин афсона яке мардум аз ин ранҷу мусибати бебарақӣ наҷот меёбанд?
Меҳмони имрузи мо Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон аст ва ҳамчунин коршиноси масоили иқтисодӣ Абдуманнон Шералиев низ ширкат хоҳад кард. Хуш омадед, меҳмонони гиромӣ.