Ҳамватанони азиз, видеоро дар инҷо тамошо кунед! (Мусоҳиба бо Муҳиддин Кабирӣ оиди вазъи Русия, қиёми мардумӣ дар Тоҷикистон )

Меҳмони имрӯзи мо устод Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ, мебошад. Хуш омадед, устод!

Суҳбати мо чанд рӯз пеш пахш шуда буд ва имрӯз он суҳбатро бо устод идома медиҳем. Мавзуъи баҳси мо “Таъсири вазъи Русия бар Тоҷикистон” ва масоили дигар аст

Оишаи Муҳаммад, навиштааст: “ба Устод расонед ки мо, занони муҳоҷир, дуогуяшон ҳастем, иншоаллоҳ.”

Пеш аз ворид шудан ба саволҳо, аз Шумо мехоҳам, ки каме дар бораи вазъи Русия ва таъсираш бар минтақа ва Тоҷикистон шарҳ диҳед.

Меравем ба самти суолҳо. Омодаед?

  1. Дар баҳори арабӣ дидем, ки аввал шуълаи қиёми мардумӣ дар Тунис шуруъ шуд ва дере нагузашта дар қариб аксари кишварҳои арабӣ қиёмҳои мардумӣ шуруъ шуд.

Salimjon Halimi Ҳоло Кремл дар фикри Э. Рахмон несту ӯ танхо мондааст. Мешавад шумо хам ошкоро мардумро мисли Навальный ба хиёбонхо даьват кунед. Ин хакки сиёсии як сиёсатмадор аст.

Савол ин аст: оё мардуми тоҷик, бо назардошти инки як бор як ҷанги шаҳрвандӣ ва сахтии онро пушти сар кардаанд, омодаанд ба хиёбонҳо бирезанд?

  1. Салмон Султонзода навиштааст: “Салом алейкум. Суоле доштам аз роҳбари Паймони Миллӣ устод Кабирӣ. 1. Аксар мардум бар он назаранд, ки то низом дар Кремлин иваз нашавад, дар кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҷумла дар Тоҷикистон маҳол аст тағир ёбад. Назари Шумо ба мавзӯ чист? 2. Оё имконият дорад, ки вақте низом дар Русия тағир ёбаду демократи шавад, ҳокимони Осиёи марказӣ худро зери чатри Пекин қарор диҳанд?”
  2. Чамшед Ёров савол додааст: “Оё ПМТ ба мисли навори охирони Навални низ ягон барнома ва ё гузориш омода кардани хаст ё не?”
  3. Аҳмад Мустафо навиштааст: “Ассаломуалайкум. Устод Муҳиддин Кабирӣ, савол инаст ки дар Росия ҷавонҳои фаол бисёран чи маслиҳат медиҳед, ки барои инкилоб тайёрӣ бинанд ва чӣ хел ҳаракат кунем?”
  4. Парчамбардори Ватан навиштааст: “Ин гирдиҳамоии Русия имрӯз ё пагоҳ пахш мешавад, шумо нигарон набошед. Аввалин бор не ку.”
  5. Нур Нуралиев гуфтааст: “1. Агар ҳукумат гӯяд оштӣ мекунем ва ҳамаи зиндониёнро озод мекунем, шумо розӣ мешавед? 2. Ва чуноне шумо мегӯед, ҳукумат агар меҳоҳад ошти кунад, аввал тими моро, зиндониёнро озод кунад, баъд оштӣ мекунем. Наметарсед ки ин қадар аъзоёни дар берун аз кишвар истода, аз шумо ба хотири оштиятон бо диктатор руй гардонанд?”
  6. Оятулло Гиляев навиштааст: “Саволи ман чунин аст ҳатман суолро диҳед, агар барномаатон сохта нест! М. Кабирӣ медонист ки аз аъзоёни ташкилоти терористӣ пул гирифтан ҷиноят аст! Чаро дидаву дониста ба як муйсафеди 87-сола пул роӣ карданд, то ба хонаводат аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва дохили зиндон тақсим кунад! Чаро мустақиман ба хонаводаи онҳо ё ба хонаводай худаш, язнааш ҷиянхояш равон накард, агар нияташ хайр буд. Балки ба шахсе ки ягон фарзанд надорад ки аз гиребони Кабирӣ гирад, ба номи ӯ роӣ кард?”
  7. Мухторзода Умарчон навиштааст: “Савол-дархост! Мехостем як фонди хайриявӣ бо номи ҲНИТ кушода шавад ва ба аъзоёни фаъол, вале нодору бемори ҲНИТ кӯмак расонида шавад! Илтимоси дуо.”
  8. Чамшед Ёров навиштааст: “Фаъолияти “Медиамаркер”-ро чи гуна баҳо медиҳед? (Аз ҳадафҳои ин созмон: озодии баён, беарзишсозии пропоганда, роҳнамоӣ ба рузноманигории бомасъулият, зудудани сонсур ва худсонсурӣ ва ғайра).
  9. Вақте Шумо дар дохили Тоҷикистон будед, ба кишварҳои хориҷ сафарҳои зиёде доштед ва дар конфронсҳои байналмилалӣ ширкат мекардед. Ҳоло чӣ? Зеро воқеан дар ин маврид маълумот барои омма хеле кам аст. Оё ин рӯзҳо низ дар чунин барномаҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ ширкат мекунед?
  10. Behruz Gholibzod навиштааст: “Бародар Кабирӣ, чаро номи ҲНИТ-ро иваз кардан намехоҳед? Фақат баҳона нагӯед, ки аьзоёни асосии ҳизб дар зиндонанд. Номи ин ҳизб чеҳраи сиёсии шуморо тира мекунад. Имрӯз олам демократияро мехоҳад. Ҳизбҳои динӣ, миллатпараст ва коммунистӣ дигар қобили қабул нестанд.”
  11. Бархе журналистони тоҷик дар дохили кишвар мегӯянд, ки ҳукумат маҳдудиятҳои иттилоотиро ба шиддат афзоиш додааст ва як ҳолати қаҳтии иттилоот аз тарафи мақомот чӣ дар марказ ва чӣ дар минтақаҳо вуҷуд дорад. Ин ба зарари амнияти миллӣ нахоҳад буд?

Вале саволи аз дигар ҷанба аст. Ҳукумат ба маҳдудияти иттилоотӣ ва дур кардани мардум аз ҳақиқатҳо ва воқеъиятҳо иктифо накард, балки як ҷав ва фазои пур аз туҳмату эҳсосот ва тавҳину таҳқир ва як фазои мусоъид ба тиуриҳои тавтеа дар кишвар сохтааст мисли ҳамин видеои “Бешарафӣ” нисбати М.и. Ба назаратон, ҳоло эҳсос намекунед, ки ин фазои сохтаи худи ҳукумат ба зарари худи ҳукумат тамом мешавад?

  1. Оиди таомули расонаҳои Амрико ва ғарбӣ ба иддаоҳои тақаллуб дар интихоботи Амрико аз тарафи Трам ва мавқеъи шадиди расонаҳо аз ӯ барои иддаоҳои бедалилаш чӣ мегӯед?
  2. Интиқоде аз шумо низ вуҷуд дорад, ки баёнияҳотон дер нашр мешаванд ё ёфтани як масъуле ки ҷавобгу бошад, сахт аст.
  3. Тибқи масъулини Паём ТВ, ҳукумат ба ин телевизиони моҳвораӣ аз тариқи фиристодани паразитҳо дар Ҳотбурд ҳуҷум кардааст. Оё ин телевизиони навтаъсис кирои онро дорад, ки ҳукумат бо маблағҳои ҳангуфт аз будҷа ба он ҳуҷум кунад?

“10 мушкили мухолифин”

  1. Абдуллоҳ Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ назди Президенти ҶТ, мақолае ба номи “даҳ мушкили оппозитсия шудан” нашр кард. Ӯ гуфт: “Агар ин навиштаро нек ва беғараз мутолиа намоем, рушан аст, ки ин мақола ҳаргиз таблиғиву ҷабҳаӣ нест ва барои «ҷанги иттилоотӣ» ё зидди касе навишта нашудааст.”

Ӯ афзуд, ки агар нирӯе дар ҳақиқат оппозитсияи сиёсӣ бошад, “ин матлаби оромро оромона мехонад, бандҳояшро меандешад, дар доираи худ муҳокима мекунад ва ба ин восита худро такмил мекунад. Ва шояд ба муаллиф сипос низ мефиристад”

Вале дидем, ки мухолифин ва ҳам равшанфикрон онро ҷиддӣ нагирифтанд. Чаро ин “пешниҳодҳо”, агар ин васф дуруст бошад, ё ба таъбири худи муаллиф, “шохисҳои даҳгона барои табдил шудан ба як оппозитсияи солиму созанда” аз тарафи мухолифин ҷиддӣ гирифта нашуд?

  1. Оё мухолифини тоҷик мушкиле надоранд? Оё мешавад, мухолифини тоҷик аз ин пешниҳодҳо истифодае кунанд?
  2. Ӯ пешниҳодҳоро ба мухолифин кард. Аммо бархе аз фаъолони сиёсӣ бар ин назаранд, ки чаро муаллиф нақши ҳукуматро, ки худ аз он намояндагӣ мекунад, дар ташаккули мухолифин нодида гирифтааст. То чӣ ҳад ташаккули мухолифин бо табиати ҳукумат рабт дорад? Ба таъбири дигар, шиддати худкомагӣ ё миқёси демократӣ будани ҳукумат дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мухолифин, таъсир дорад?
  3. Муаллиф аз набуди барномаву платформаи алтернативии мудаввану созанда ва прогресивӣ дар мухолифин интиқод кардааст: “оппозитсияи солим ва муфиди сиёсӣ ба нерӯи муташаккили сиёсие гуфта мешавад, ки дорои барномаву платформаи алтернативии мудаввану созанда ва моҳияти прогрессивӣ буда, нисбат ба низоми мавҷудаи сиёсӣ моҳиятан пешқадамтар бошад.” Мо назари Шуморо дар чанд ҷойҳо шунидем, ки оппозитсия метавонад барномаи куллӣ ва хати машйашро дар чанд сафҳа бинависад.

Яке аз корбарони Фейсбук навиштааст: “Ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ! Лутфан бигӯед, ки Шумо барномаи муайяне барои сохтани ҳокимияти нав пас аз инқилоб доред? Агар дошта бошед, онро ба мардум ироа намоед, зеро аксаран инро намедонанд. Аз инқилоб дида барномаҳои пас аз инқилоб муҳимтаранд! Лутфан ному насабамро нахонда ба савол чавоб гӯед!”

Саволи ман дигар аст. Гондӣ дар Ҳиндустон ва Манделла дар Офриқои Ҷанубӣ шояд барномаи мудавван надоштаанд, вале ҳатман дурнамои возеҳу рушан, ки ҷомеаро барои даҳҳо соли оянда ба пеш мебарад, доштанд. Оё дар Шум ва оппозитсия чунин дурнамо вуҷуд дорад?

  1. Шумо мегуед, ки мухолифини тоҷик дар сатҳи минтақа қавитарин нирӯи муназзами мухолиф дар минтақа ба ҳисоб мераванд. Аммо муаллиф аз шумо ва мухолифини тоҷик “ҳамчун афроди норозӣ ё гурӯҳи норозӣ аз кори ҳукумат” ном бурдааст. Ӯ мегӯяд: “ҳоло нерӯи моҳиятан сиёсие дар сатҳи мухолифини сиёсии ҳукумат ё оппозитсияи сиёсӣ шакл нагирифтааст. Зеро маҳзи розӣ набудани шахс ё гурӯҳе аз кори ҳукумат ё эътироф надоштани арзишҳои ҷамъиятӣ аз сӯи гурӯҳе аз шаҳрвнадон ҳанӯз ба маънои оппозитсияи сиёсӣ шудани онҳо нест.” Ҷавобатон чист? Оё воқеан мухолифини тоҷик гурӯҳаке аз афроди норозӣ ҳастанд ё воқеан таҷрибаи хубе доранд? Оё ин иддао дуруст аст, ки мухолифин дар байни ҷомеа таъсир надоранд?
  2. Дар батни ин матлаб баъзе мулоҳизотро мешавад, пайдо кард, ки аз нороҳатии ҳукумат далолат бикунад. Масалан, муаллиф мегуяд. Ҳатто ҳастаҳои нисбатан муташаккили мухолифатварзанда, ки то рафтан платформаи нисбатан шаклгирифтаи фикрӣ ва сиёсӣ доштанд, акнун талош доранд бо ҳувияту мавқеъгириҳои нав зуҳур менамоянд, ки шояд барои шинохти онҳо солҳои зиёд лозим бошад.” То чӣ ҳад оппозитсияи тоҷик пуё аст? Оё ҳукумат аз пуёгӣ ва ислоҳоти ҷиддӣ дар дохили мухолифин метарсад?