Ҳамватанони азиз, видеоро дар инҷо тамошо кунед! (Иззат Амон: Ҳоҷӣ Мирзо ва муллоҳо чаро садо баланд намекунанд?)

Чаро Ҳоҷӣ Мирзо ва дигар муллоҳо дар масъали Иззат Амон хомӯш ҳастанд? Сарнавишти Иззат Амон ба таъсири фаъолияти миллат, аз ҷумла муҳоҷирин, мухолифин ва дар умум миллати тоҷик, чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохил, рабт дорад. Пас, чӣ бояд кард?

Ҷузъиёти зиёде аз қазияи Иззат Амон, ҳомии рабудашудаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, то кунун норушан боқӣ мондааст. Бар хилофи дигар фаъолони рабудашуда аз Русия, ки баъди чанд рӯз сару калла аз СИЗО-ҳои Тоҷикистон мебаровардаанд, то кунун ҳукумат ҳатто як аксе аз Иззат Амон дар Душанбе ба расонаҳо ва мардум нишон надодаанд.

Ин ҳама аз он далолат мекунанд, ки баъди сару садоҳои қавӣ ҳукумат ҳайрон аст, ки бо Иззат Амон, ин ҳомии рабудашуда, чӣ кор кунад.

Ҷиноҳҳои мухталифи ҳукумат дар мавриди Иззат мавқифи ягона надоранд. Ятимов чӣ фикр дорад ва дар он тараф Шоҳруху Рустам чӣ фикр доранд?

Ҷиноҳҳои муассири мухталифи ҳукумат аз рабуда шуданаш то “бо ӯ чӣ бояд кард?” назари зидду нақизе доштаанд ва доранд. Чаро?