Ҳамватанони азиз, видеоро дар инҷо тамошо кунед! (Барномаи “Боз чӣ гап” ( #1) 10.04.2021)

Қисми дуюми силсилабарномаи таҳлилии “Боз чӣ гап”, ки дар солҳои 2015 ва 2016 дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешуд, аз имрӯз, 10.04.2021, шуруъ шуда, ҳар рӯзи шанбе (соати 20:00​ ба вақти Душанбе) дар ютюбканали Паём ТВ ба таври онлайн пахш хоҳад шуд.

Ин барнома мисли пештара тавассути Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов, фаъолони сиёсӣ, мудирият хоҳад шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки барномаи таҳлилии “Боз чӣ гап?” солҳои 2015 ва 2016 аз тарафи ин ду фаъоли сиёсӣ аз шаҳри Истанбули Туркия пахш мешуд.

Ба гуфтаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, аҳаммияти ин барномаи таҳлилӣ дар он буд, ки солҳои 2015 ва 2016 ҲНИТ мамнуъ ва ҳамчун созмони террористӣ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон эълон шуда буд ва аксари фаъолони сиёсӣ, ки аз он саркуби ваҳшиёнаи 2015 наҷот ёфта буданд, дар он замон саргардон буданд. Ӯ афзуд, ки дар ин марҳилаи ҳассос адади каме аз фаъолони сиёсӣ бар хилофи вазъияти кунунӣ бо ному насаб ва чеҳраи худ фаъолият мекарданд.

Дар пайи пахши силсилабарномаҳои “Боз чӣ гап”, хонаводаҳои Бобоҷон Қаюмов ва Маҳмудҷон Файзраҳмонов зери фишори доими мақомот буданд ва ҳамеша аз хонаводаҳои талаб карда мешуд, ки ба барандагони ин барнома фишор биоранд, то аз идомаи пахши барнома худдорӣ кунанд.

Вале бо вуҷуди фишорҳо, 40 адад аз ин барнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд. То кунун ин 40 адад дар канали Паём ТВ ва дар ютюбканали шахсии Маҳмудҷон Файзраҳмонов (www.youtube.com/c/MahmudjonFaizrahmonov​ ) ҳифз ҳастанд. Бар асоси гуфтаи мудирони барнома, қарор аст 40 қисмат аз барнома дар муддати як соли оянда ҳар ҳафта ба таври онлайн пахш шавад.

Номи барнома: “Боз чӣ гап?”

Навъи барнома: Таҳлилӣ

Замони барнома: Ҳар рӯзи шанбе

Соати барнома: 20:00​ ба вақти Душанбе

18:00​ ба вақти Маскав

17:00​ ба вақти Берлин

Макони барнома: Паём ТВ

Навъи пахш: Пахши онлайнӣ