Қазияи собиқ паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбуллои Шовализода, бахусус пас аз қарори ахири Додгоҳи Австрия ва таваҷҷуҳи рӯ ба афзоиши созмонҳои байналмилалӣ ба ин қазия, дорад ба як қазияи ҷанҷолӣ ва ҳуқуқӣ на танҳо дар Австрия, балки дар сатҳи Аврупо табдил меёбад. Оё ин қазия метавонад ба як масъалаи дардисарсози ҳукумати Тоҷикистон табдил ёбад?
Ҳолати ногувор ва вокуниши Юсуф Раҳмон ба ҳукми ахири Додгоҳи Австрия
Агар ба суханони Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарии рӯзи 14-уми июли 2020 дар мавриди ҳукми ахири Додгоҳи Австрия мабни бар ин ки истирдоди Ҳизбуллои Шовализода ғайриқонунӣ будааст, назар кунем, мебинем ки додситони кулли Тоҷикистон дар як ҳолати ногувор қарор гирифт ва барои сафедкунии мавқеъи ҳукумат суханони беасос ва зидду нақизе гуфт.
Ба таври мисол, Юсуф Раҳмон гуфт, ки қарори Додгоҳи Австрия “кори дохилии онҳо” мебошад, дар ҳоле ки бар асоси ҳукми пешини Додгоҳи Австрия, ки ғайриқонунӣ буданаш маълум шуд, Шовализода ба Тоҷикистон истирдод шуд. Агар қарори пешини Додгоҳи Австрия намебуд, ҳечгоҳ ӯ ба Тоҷикистон истирдод намешуд. Пас чӣ хел “кори дохилии онҳо” мебошад?
Далели дуюми додситони кулли Тоҷикистон ин буд, ки Шовализода “дар асоси кирдорҳои ғайриқонунии худ дар дохили Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуд.” Агар чунин аст, чаро чунин далелҳо ва шавоҳидро ошкор намекунед, ки мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бидонад ва чаро муҳокимааш пушти дарҳои баста сурат гирифт, ки ҳатто падару модараш ва хонаводааш аз чунин муҳокимае хабар надоштаанд? Маълум аст, ки ин иддаои анҷоми “кирдорҳои ғайриқонунии худ дар дохили Тоҷикистон” ҷуз иттиҳоми беасосу бардурӯғе беш нест.
Ин суханони Юсуф Раҳмон нишон медиҳад, ки ҳукуматро дардисарҳои зиёди ҳуқуқӣ интизор аст, аммо ин дафъа на дар Ландан ё дар Маскав, балки дар Венаи Австрия, яке аз пойтахтҳои муҳимми кишварҳои аврупоӣ.
Додгоҳи Автсрия дар мавриди Шовализода ва воқеъиятҳои талхи Тоҷикистон чӣ гуфт?
Ин ҳукми ахири Додгоҳи Австрия хобро аз чашмони мақомоти зирабти тоҷик, чӣ дар Душанбе ва чӣ дар Вена, гирифтааст.
Матни ҳукми ахири Додгоҳи Австрия дар мавриди ин қазия иборат аз 36 саҳифа аст, ки рӯзи 7-уми июли 2020 содир шудааст.
Бар асоси ин ҳукм, истирдоди Шовализода ба Тоҷикистон бо қонуншиканиҳое сурат гирифтааст, аз ҷумла ба ӯ ҳаққи хуруҷи ихтиёрӣ дода нашудааст ва ҳамчунин ин истирдод бар асоси маълумоти куҳна роҷеъ ба вазъи сиёсии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дар ин ҳукми 36-саҳифагӣ ҳақоиқи зиёде дар мавриди вазъияти Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳечгоҳ ба фоидаи ҳукумати Тоҷикистон нахоҳад буд.
Ҳамчунин, ҳукми истирдоди ғайриқонунии ӯ ҳақоиқе аз вазъи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳукумати ғайридемократӣ, набудани адолати додгоҳӣ, фишору шиканҷа ва пайгарду таъқиби мухолифини мусолиматомез дар Тоҷикистон ва ғайра нодида гирифта шудааст.
Аз саҳифаи 6 то 25 яъне ҳудуди 20 саҳифаи ин ҳукм дар мавриди вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла фасоди густурда дар ҳама сатҳҳои ҳукумат, нақзи фоҷеабори ҳуқуқи башар, хешутоборӣ ва непотизм, таъқибу куштори мухолифин, ҳуҷумҳои низомӣ ба манотиқи мухталифи Бадахшону водии Рашт, саркуби мухолифин ва куштори тақрибан 40 нафар ва зиндонии 140 нафари дигар бо баҳонаи “кушиши кудато”-и Абдуҳалим Назарзодаро дар бар мегирад.
Ҳамчунин дар матни ҳукми ахири Додгоҳи Австрия дар мавриди бастани ҲНИТ бо баҳонаҳои сиёсӣ, набуди низоми бисёрҳизбӣ, контроли пурраи қудрат аз тарафи Э. Раҳмон ва фарзандонаш, интихоботҳои ғайришаффору пуртақаллуб, саркуби мухолифин бо баҳонаи ҷанг алайҳи терроризм, фишор болои хонаводаҳои мухолифин, фаъолияти муассири мухолифини тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ ва ПМТ дар хориҷ аз кишвар ва ғайра шарҳ дода шудааст.
Ин ҳукм латмае ба ҳукумат Тоҷикистон ва ба нафъи фаъолони сиёсӣ дар Аврупо
Ин ҳукми Додгоҳи Австрия воқеан бори дигар собит кард, ки иддаоҳои ҳукумати Тоҷикистон алайҳи мухолифин ва иттиҳомоти “терроризм” алайҳи фаъолони сиёсии тоҷик ҷуз иттиҳомоти дурӯғу беасосе беш нестанд.
Маҳкум шудани Шовализода ба 20 сол дар зиндон дар пайи истирдодаш аз Австрия ба Тоҷикистон як паёме ҷиддӣ ба тамоми кишварҳои ғарбӣ, бахусус мақомоти зирабти ин кишварҳо мебошад, ки дар пайи истирдод ё депорти фаъолони сиёсӣ ба Тоҷикистон онҳоро шиканҷа ва ба муддати тулонӣ зиндон шудан интизор аст.
Дардисарҳои тоза ба ҳукумати Раҳмон дар қалби Аврупо
Илова бар ин, бархе аз созмонҳои байналмилалии маҳаллии Австрия ва байналмилалӣ ва ҳамчунин мудофеъону фаъолони сиёсӣ дар Австрия ва Аврупову Амрико қазияи баргардондани Шовализода аз зиндони Тоҷикистон ба Австрияро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ доранд.
Ин созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеъони ҳуқуқи башар умедворанд, ки онҳо қодир ба бозгардондани Шовализода ба Австрия ҳастанд.
Пас ҳукумати Тоҷикистонро дардисарҳои зиёде дар қалби Аврупо интизор аст.
Манбаъ: Паём.нет