Дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар суҳбатҳои ахираш мегӯяд, мухолифини тоҷик, бахусус ҲНИТ сабабгори шуруъи ҷанги шаҳрвандӣ ва кушторҳои бераҳмона буданд, аммо гузоришҳои созмонҳои байналмилалию ҳолдонони хориҷию дохилӣ ҳукумат бо раҳбарии Э. Раҳмон ва Фронти Халқиро дар аланга додани ҷанги шаҳрвандӣ ва кушторҳои дастаҷамъӣ айбдор мекунанд.

Э. Раҳмон рӯзи 26.06.2020 ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ гуфт: “Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.”

Вале ҳар инсони бетараф агар шавоҳид ва мадорики он солҳо ва гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ҳолдонону коршиносони хориҷию дохилӣ оиди ҳаводиси солҳои 90-умро варақ занад, хоҳад фаҳмид, ки на танҳо ин иддаоҳои Эмомалӣ Раҳмон ва мошини таблиғотии ҳукумат беасос ва дурӯғ ҳастанд, балки худи ҳукумат бо раҳбарии Э. Раҳмон чунин ҷиноятҳоро муртакиб шудаанд.

Ба таври мисоли, гузориши муштараки ду созмони бонуфузи байналмилалӣ, Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) ва Дидабони Ҳелсенкӣ (HW) дар соли 1994 дар мавриди ҳаводиси солҳои 1992-ро баррасӣ карда, менависанд: “Пас аз пирӯзии ҳукумат дар ҷанги дохилӣ алайҳи иттиҳоди иборат аз ҲДТ ва ҲНИТ, Тоҷикистон ба як минтақаи фоҷеабори ҳуқуқи башар табдил шуд. Аз аввалҳои декабри 1992 то феврали 1993, ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон як ҳамлаи фавқул-ъодда бераҳмона ва интиқомҷуёна алайҳи афродеро ба роҳ андохт, ки ба назари ҳукумат, ин афрод аз иттиҳоди мухолифини иборат аз ҲДТ ва ҲНИТ, ки ба муддати 6 моҳ ҳукумати муросои миллиро пеш бурданд, пуштибонӣ карда буданд.”

Ин гузориш сипас дар мавриди фишору таъзиб ва қатлҳо, ки алайҳи мардуми гурезаи дигар манотиқ дар Қурғонтеппа аз тарафи Фронти Халқӣ сурат гирифта буд, чунин омадааст: “Дар баҳор ва тобистон (яъне соли 1993) муҳоҷирон ва гурезаҳо ба хонаҳояшон баргаштанд, вале мавриди азият, латукубҳо ва қатлҳои бераҳмона қарор гирифтанд….”

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Дидбони Ҳелсенкӣ дар идома менависанд: “Гурӯҳҳои шибҳи низомии тарафдори ҳукумат рӯзи 10-уми декабри 1992 вориди Душанбе шуданд. Фронти Халқӣ, артиши аслии тарафдори ҳукумат дар ҷанги шаҳрвандӣ, як ҳамлаи эъдомҳо ва “нопадид шудан”-ҳо алайҳи мардуми помирӣ ва ғармиро шуруъ карда, беш аз 300 нафарро куштанд ва садҳо нафари дигар нопадид шуданд.

Бар асоси гуфтаҳои шоҳидон, ки аз тарафи созмони ҳуқуқи башари мустақар дар Маскав “Memorial” ва созмони “Дидбони Ҳелсенкӣ” мусоҳиба шуданд, шибҳи низомиёни Фронти Халқӣ ва дигар нируҳои тарафдори ҳукумат автобусҳо ва поездҳо ва ҳамчунин мардумро дар роҳҳо манъ мекарданд ва нирӯҳое дар фурудгоҳи Душанбе барои таҳқиқи документҳои мусофирон мутақар шуда буданд. Дар бисёре аз маворид, вақте ҳуввияти онҳо ошкор мешуд, ки ғармӣ ҳастанд ё помирӣ, кушта мешуданд ва ё бидуни ягон таҳқиқ боздошт ва ба ҷойҳои номаълум бурда мешуданд ва дигар аз онҳо ному нишоне дида намешуд. Мақбараҳои ҷамъие бо доштани 20 ё 30 ҷасад дар манотиқи мухталифе дар дохил ва атрофи Душанбе пайдо шуданд.”

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки ҳукумат ҳеч талоше барои таҳқиқ дар мавриди эъдомҳои бемуҳокима дар қишлоқҳои Субулак ва Киргизон анҷом надод ва ҳечгоҳ эътироф накард, ки Фронти Халқӣ алайҳи мардуми дигар манотиқ қатлҳои омме анҷом додааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Дидбони Ҳелсенкӣ дар идомаи гузориши муштараки худ менависанд, ки ҳукумат ба ҷои талош барои муҷозоти ҳама тарафҳои ҷинояткор дар тули ҷанги дохилӣ, ҳадди ақал 19 нафар, ки аз мухолифин ҳимоят карда буданд, зиндонӣ кард. Дар байни зиндониёни мазкур чаҳор нафар аз рӯзноманигорони телевизион буданд, ки бархе аз онҳо дар боздоштгоҳ мавриди латту куб ва дашном қарор гирифтанд ва муттаҳам ба “таҳрик ва пахши таблиғот барои сарнагунии ҳукумат” шуданд.

Ин аст порае аз гузориши муштараки ду созмони муътабари байналмилалӣ дар мавриди ҳаводиси солҳои 90-ум, ки қатлҳои ому эъдомҳои худсарона ва нақзи шадиди ҳуқуқи башар алайҳи мардуми бегуноҳ аз тарафи Фронти Халқӣ ва ҳукумат ба раҳбарии Э. Раҳмон сурат гирифт.

Чуноне ки дар матлаби Ахбор омадааст: “Бино ба ҳисобҳо, тақрибан 90 дарсади қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон на дар ҷабҳаи ҷанг, балки дар амалиётҳои «поккорӣ” («очистка”) қатли ом шудаанд. Ин «очистка”-ҳоро дар манотиқи тасарруфкардаашон асосан ҷангиёни Фронти халқӣ анҷом медоданд.”

Ҳамчунин, ҳукумати ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тарафе буд, ки дар қатли равшанфикрон, зиёиён, рӯзноманигорон ва садҳо фарзонагони миллат даст дорад.

Барои ҳамин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1992 то кунун (яъне баъди 28 сол) то ҳол дар мавриди кушторҳо, қатлҳои дастаҷамъона, адади кушташудагон ва дар умум ҳақоиқи ҳаводиси 90-ум коре накардааст, зеро медонад, ки ҳама гуна маълумоти бештар оиди ҳаводиси он рӯзгор бар зарари худаш тамом мешавад.

Манбаъ: ПАЁМ.НЕТ