Ҳамватанони азиз, видеоро дар инҷо тамошо кунед! (Мусоҳиба бо Муҳиддин Кабирӣ оиди Ҳамза, Бозор Собир, қиёми мардумӣ, барномаи ПМТ ва ғайра)

Меҳмони имрӯзи мо, устод Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ ва ҳамзамон раиси ҲНИТ аст.

Устод хуш омадед ба барномаи мо.

Бидуни ягон муқаддима меравем ба самти саволҳо. Омодаед?

  1. Яке аз корбарон дар мавриди вазъияти Ҳамзаҷон, набераатон, пурсидааст. Ӯ навиштааст: “Ба воситаи интернет, аксе аз ҷои касалии варамидаи Ҳамзаро бо ҳамсари 66 солаам дидем. Бибии наберагонам аз ваҳшату даҳшат ба сактаи дил гирифтор шуд. То ҳанӯз садои собик чонишини вазири тандурусти Саида Умарова садо медихад :— Ба кучо мебаредаш ( ишора ба Хамзачон ), табобат нашаванда аст , бемории саратонии дарачаи чорро дорад… Аз устод Мухидин Кабири илтимос хамин ки аз вазъи имрузаи.Хамзачон каме итиолот медоданду бо ахли хонаводаам дуогуй мешудем.” Ҳоло вазъияти саломатии Ҳамзаҷон чӣ тавр аст?
  1. Навальный нафаре, ки тамоми фаъолияти худро барои фош кардани амалхои гайриконуни ва диктотурии Путин равона кардааст. Мо точикон хам мухолифон дорем. Гурухе мисли Навальный барои ошкор кардани амалхои гайриконуни ва фасодкории Рахмон мубориза дорад. Гурухи дигаре хам ба ном “мухолифон” дорем, ки Рахмонро фаромуш карда, алайхи ракибони Рахмон мубориза мебаранд. Тибки мушохида ин гурухи дуввум Навальныйро мепарастанд. Вале чаро дар амал аз на хамчун Навальный, балки тарафдори ашадии Путин  хастанд? Яъне, чаро онхо на барои ошкор кардани амалхои гайриконституционии Рахмон, балки барои тахкири мухолифон камар бастаанд?!  Ин духураги баенгари чист?
  2. Баъзеҳо чунон ба Шумо чунон часпидаанд, ки ҳар чизе ки мегӯед ва ё ҳар амалеро, ки анҷом медиҳед, вокуниш нишон медиҳанд ва хеле хурдагирӣ мекунанд, чаро ин тавр гуфтед ё чаро он тур нишастед, мисле ки дар Тоҷикистон дигар мушкиле вуҷуд надорад. Мушкил дар куҷост? Бо худ фикр кардаед, ки чаро чунин шудааст? Агар бисёр мусбат фикр кунем, ин хурдагирии бархеҳо, ки худро рақибони шумо медонанд, ба фоидаи худатон ва ба нафъи кор нест?
  3. Моҷарои навиштани 10 китоб дар тарҷумаи ҳолатон, ки сару садо баланд кард, чист?
  4. Бархеҳо борҳо ва борҳо масъалаи рисолаи докториатонро мебардоранд. Он дар куҷост? Оё мумкин аст ба он дастрасӣ пайдо кард?
  5. Шумо сафҳаи хосси худро дар Ютюб кушодед. Чӣ тавре гуфтем, баъзеҳо хурдагирӣ карда, гуфтанд, ки раиси ПМТ блогер шудааст. Чаро маҳз дар ҳамин рӯзҳо (на пештар) сафҳаи шахсии худро кушодед?