1. Қазияи Ворух ва ношаффофияти ҳукумат https://www.youtube.com/watch?v=Evk0Z1iwVG4&t=19s
    Хабарҳо аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳокӣ аз он аст, ки имрӯз, 17.04.2021, низ дар ин марз байни тоҷикону қирғизҳо нооромӣ рух додааст.
    Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта ба Ворух сафар карда буд. Ӯ гуфт, ки музокорот бо қирғизҳо аз соли 2002 оғоз шудааст ва тарафайн беш аз сад даври музокираро анҷом додаанд. Раҳмон афзуд, ки нисфи хатти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли худро ёфт ва Тоҷикистон соли 2016 расмиёти дохилиро анҷом дод, вале Қирғизистон, ба гуфтаи ӯ, бо сабабҳои номаълум расмиёти дохилиро анҷом надодааст.
    Вале суол ин аст. Чаро миллат аз ҷузъиёти натоиҷи ин гуфтушунидҳо ва аз “расмиёти дохилӣ”, ки Тоҷикистон анҷом додааст, хабаре надорад. Чаро ҳукумати Раҳмон бар хилофи ҳукумати Қирғизистон бо мардуми худ шаффоф нест ва намегӯяд, ки дар ин музокирот мавқеъи ҳукумати Тоҷикистон чист ва нисфи хатти марз дар куҷоҳо қарор дорад.
    Воқеан адами шаффофияти ҳукумат бо миллат дар масъалаи ҳалли мушкилоти марзӣ бо Қирғизистон нигаронкунанда аст ва бояд миллат бидонад ки ҳукумат бо марзу бумаш чӣ тавр рафтор мекунад. Масъалаи додани замин ба Чин кофӣ нест, ки ҳама корро анҷом доданд ва баъд миллат аз берун хабардор шуд, ки қисме аз заминашро ба Чин додаанд.
    Чаро дар Қирғизистон “расмиёти дохилӣ” анҷом наёфт? Зеро дар онҷо ҳар ҷузъиёти тавофуқи эҳтимолиро бо заррабин нигоҳ мекунанд ва аз он ба осонӣ намегузаранд ва баҳсу баррасии ҷиддӣ сурат мегирад. Аммо дар тарафи Тоҷикистон ҳар чизе ки ҳукумат гӯяд анҷом мешавад мисли ҳамин расмиёти дохилӣ, бидуни инки мардуми тоҷик аз ҷузъиёти ин тавофуқ хабар дошта бошанд. Аллакай соли 2016 расмиёти дохилӣ аз тарафи Тоҷикистон анҷом шудааст, вале кӣ аз он хабар дорад?
  2. Реҳлати домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ
    Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, яке аз уламои машҳури кишвар, дар синни 80-солагӣ 4 рӯз пеш даргузашт. Таваҷҷуҳу изҳори ҳамдардии адади бузурге аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ширкати анбуҳи бузурге, бо вуҷуди баста шудани роҳҳо, ба қавле баъзе аз шоҳидон, дар ҳудуди 20 ҳазор нафар дар маросими ҷанозааш аз он далолат мекунад, ки ӯ аз шуҳрату маҳбубияти ин олими дин дар миёни мардуми тоҷик бархурдор аст.. وَمَوْتُ الْعَالِمِ مُصِيبَةٌ لَا تُجْبَرُ
    Бархе аз соҳибназарон бар ин ақида ҳастанд, ки вуҷуди уламои суннатӣ, бахусус аҳли тасаввуфи муътадил, яке аз авомили субот дар фазои динӣ ва танг шудан майдон барои тамоюлоти ифротӣ мебошад. Ба таври мисол, бо вуҷуди инки Туркия дар як минтақаи ҳассос ва ноамн қарор дорад, бархеҳо бар ин назар ҳастанд, ки вуҷуди руҳонияти суннатии қавӣ ва моил ба тасаввуф дар ин кишвар яке аз омилҳо кунд шудани гароишҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.
    Бар асоси ин назария, вуҷуди уламои қавӣ ва аҳли тариқат ва ҳамзамон уламои муътадилу миёнарав дар Тоҷикистони муосир ба амсоли домулло Ҳикматуллоҳ, домулло Муҳаммадӣ, эшони Алломаи Регарӣ ва ғайра боис шуд, ки майдон барои тамоюлоти ифротӣ танг шавад.
  3. Қазияи 1 + 119
    Қазияи 1+119 ҳамон қазияи Иззат Амон ҷамъи 119 донишманду соҳибкори тоҷик мебошад, ки ҳафтаи гузашта ба солҳои тулонӣ маҳкум шуданд.
    Дар қазияи Иззат Амон навигарӣ ин аст, ки наздиконаш гуфтанд, ки Иззат Амон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва ҳамчунин адади даъвогарону шоҳидон алайҳи ӯ зоҳиран бо дархосту фишори мақомот зиёд шудааст. Ин ду масъала нишон медиҳад, ки мақомот аз як тараф мехоҳанд мавҷи норизоятӣ ва ғазаби мардум, бахусус муҳоҷиринро дар қазияи Иззат Амон бо мурури замон коҳиш бидиҳанд ва аз тарафи дигар, корҳои ҷиддӣ барои саркубу маҳкум кардани Иззат Амонро айни замон роҳандозӣ кардаанд. Ин тактикаи мақомоти амниятӣ дар саркуби мухолифин ва дигарандешон то кунун истифода мешавад.
    Дар масъалаи Иззат Амон, аз таомул ва лаҳни суҳбатҳои наздиконаш бо расонаҳо маълум мешавад, ки мақомоти тоҷик фишорро болои наздикони ӯ, бахусус писараш, афзоиш додааст. Наздикони ӯ ягона манбаъе барои ироаи маълумоти алтернативӣ дар ин қазия буданд, ки ҳоло ин манбаъ низ зери контроли мақомоти амниятӣ аст.
    Дар қазияи зиндонӣ шудани 119 донишманду соҳибкор, аҷобати кор ин аст, ки ин қазия бо вуҷуди инки қазияи ҳудуди 120 нафар аст, ба таври миёна низ бозтоб наёфт, на дар расонаҳо ва на дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Мавқеъи ҳукумат дар бозтоби ин қазия маълум аст, аммо чаро хонаводаҳо ва муҳиббону шогирдони онҳо ва наздиконашон, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, фаъол нестанд? Оё то кунун ба “раҳм”-у “шафқат” ва ваъдаҳои дурӯғини мақомдорон бовар мекунанд? Радиои Озодӣ ва Азия Плюс бо интишори як матлаби миёна то кунун иктифо карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бисёре аз ҷузъиёти ин парвандаи 119 нафар норушан аст ва ҳатто аз тарафи мухолифин низ ба таври кофӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор нагирифтааст.
  4. Таҳдиди депорт ба ҳудуди 250 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия
    Яке аз хабарҳои нохуш ва воқеан нигаронкунанда дар ин ҳафта ин буд, ки мақомоти баландпояи Русия ба кишварҳои СНГ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) гуфтанд, ки масъалаи будубоши ғайриқонунии муҳоҷиронашон дар Русияро то 15 июн (яъне то ду моҳи дигар) ҳал кунанд, вагарна онҳо бо муҷозот ва депорт рубарӯ хоҳанд шуд.
    Лозим ба ёдоварӣ аст, ки дар Русия ҳоло ҳудуди 250 ҳазор муҳоҷири тоҷик будубоши расмӣ дар ин кишварро надоранд ва тоҷикон пас аз узбекҳо бештарин адади муҳоҷирони дорои будубоши ғайриқонуниро доранд.
    250 ҳазор муҳоҷири бидуни будубоши қонунӣ адади кам нест. Вале савол ин аст, ки ин ҳушдори мақомоти Русияро метавон як паёме барои коҳиш додани адади муҳоҷирон бо будубоши ғайриқонунӣ донист, ҳамон тавре ки аз изҳороти мақомоти Русия бар меояд ё воқеан ин ҳушдори ҷиддӣ аст ва дар сурати ҳал накардани мушкили будубош то 15-июн ҳар муҳоҷир бо муҷозоту депорт ба Тоҷикистон рубарӯ мешавад.
    Оё ҳаммонанди ин изҳорот аз тарафи мақомоти Русия дар солҳои гузашта низ шуда буд?
    «Дар сурати огоҳ накардани мақомоти Русия аз мавқеи худ, — омадааст дар муроҷиати вазорат, — ин шахс ба таври автоматӣ ба феҳристи шахсоне ворид мешавад, ки ҳузураш дар Русия манъ мебошад».
    Оё ин боз масъалаи ришваро бештар намекунад?
  5. Эътирофоти маҷбурӣ
    Яке аз масъалаҳои доғ ҳамон навори “сарбозшикор” ё “облава”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби зиёд ёфт, мебошад. Чанде баъд, мақомот гуфтанд, ки қаҳрамони ин навор на барои сарбозшикор балки барои ҳамкориаш бо ДОИШ боздошт шуд ва худи Эмомалӣ Идибеков эътироф кардааст, ки ӯ бо гуруҳҳои ифротӣ ҳамкорӣ доштааст.
    Вале сипас ҳамсараш ба Радиои Озодӣ гуфт: «Моро як ҳафта даъват карда, фишор оварданд, таҳқир карданд, дашноми қабеҳ доданд. Шавҳарам маҷбур шуд ва гуфт, ки ҳамсарамро раҳо кунед, ҳар тарзе хоҳед, гап мезанам. Шавҳари ман террорист нест.”
    Гирифтани эътирофи маҷбурӣ дар Тоҷикистон як амри маъмул аст. Ба таври мисол, Ҳасан Ёдгоров, сокини н. Турсунзода, зери шиканҷа иттиҳоми қатлро ба гардан гирифт ва инро бо расонаҳо гуфт ва се милиса барои ин кор гумонбар шуданд.
    То ҳол асли қазия маълум нест. Агар ӯро барои кадом ҷинояте боздошт карданд, чаро дар миёни мардум ин корро карданд? Дар ҳоле ки мақомоти амниятӣ нишонаашро медонистанд ва чаро нарафтанд ӯро аз хонааш бигиранд?
  6. Вафоти раҳбари “Умед 88” – қатли тадриҷӣ
    Қазияи раҳбари “Умед 88”, Раҷабалӣ Одинаев қариб ба ҳама ошоност. Суқути ӯ вақте шуруъ шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласа барои набаргардондани 170 миллион сомонӣ ба будҷа аз ӯ сахт интиқод кард. Ширкати “Умед 88” яке аз рақибони ширкати “Фароз”, ки ба Шамсулло Соҳибов домоди президент буд. Ӯ ҳарчанд гуфт, ки пулро бармегардонад, аммо бо вуҷуди он ӯро ба 28 сол зиндон маҳкум карданд.
    Раҷабаӣ Одинаев қурбони “халал расондан” ба тиҷорати оила шуд ва сарнавишташ низ маълум шуд. Ҳар вазире ё шахсияти қудратманде дар ҳукумати феълӣ аз он сахт метарсад, ки ӯро дар назди президент “сиёҳ” накунанд, вагарна оқибаташ зиндону қатли тадриҷӣ хоҳад буд. Инро ҳамаи вазирону мақомдорони сатҳи боло хуб эҳсос мекунанд.
    Аммо масъалаи табобат нашудани раҳбари “Умед 88” хеле ҷиддӣ аст. Агар касе аз тарафи Раҳмон “манфур” шавад, дигар ӯ аз ҳама ҳуқуқ маҳрум хоҳад шуд. Вақте саломатиаш вахим шуд, ӯро ба шифохона оварданд, вале бо вуҷуде ки саломатиаш хуб набуд, ӯро ба зиндон баргардонданд. Ин боис шуд, ки ӯ дар зиндон бидуни доштани табобати кофӣ аз дунё даргузашт. Ин амали мақомотро метавон қатли тадриҷӣ номид.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов

Муҷрии барномаи “Боз чӣ гап?”

Бознашр аз сайти Паём.нет