Бо дуруду салом, ҳамватанони азизу гиромӣ!

Рӯзатон ба хайр ва умедворам, ки сиҳҳату саломат ҳастед.

Меҳмони имрӯзи мо домулло Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Яке аз муборизони сарсахт дар хати аввали мубориза бо ин режими золими Раҳмонов. Хуш омадед, бародар!.

1. Бидуни муқаддима, мехостам дар мавриди қазияи бародар Иззат Амон. Маълум шуд, ки ҳукумат Иззат Амонро на танҳо озод карданӣ нест, балки дар кушишҳо барои саркуб ва маҳкум карданаш ҷиддӣ аст. Адади шоҳидон алайҳи ӯ ва гуё қурбони тақаллуби ӯ шудаандро бештар карда истодаанд ва дар ҳабси пешакӣ низ қарор дорад. Он ваъдаҳое, ки гӯё ӯро озод хоҳанд кард, дуруғе беш набудаанд. Ҳукумат дар тули ин муддат саъй кард, то хашму ғазаби мардумро коҳиш бидиҳад ва он мавҷи эътирозӣ заиф шавад, вале дар айни ҳол корҳои худашро алайҳи Иззат Амон идома дода истодааст. Ин ҳама боис шудааст, ки бархе аз мардум, аз ҷумла баъзе аз муҳоҷирон, ки камтар умед барои озодиаш доштанд, чӣ тавре аз комментҳо ва суҳбатҳояшон пайдо мешавад, дар ҳолати маъюсӣ қарор доранд. Шумо ки дар роҳи мубориза алайҳи ин режими золиму бераҳм қарор доред, паёматон ба ин бародарону хоҳарон чист? Чӣ бояд кард, ки ин бедорӣ идома пайдо кунад?

2. Дар мавриди зиндонӣ шудани 119 донишмандону соҳибкорон, ки хеле аз онҳоро худатон шахсан мешиносед. Бархе таҳлилҳо дар ҳамон замони боздошташон як сол пеш, ки Ятимов ва Раҳимзода барои инки вазифаҳои худро аз даст надиҳанд, хостанд ба Раҳмон нишон диҳанд, ки онҳо як гурӯҳи дигарро боздошт кардаанд, ки аз наҳзатиҳо хатарноктар набошанд ҳам, камтар нестанд. Бо ин кор, Ятимову Раҳимзода на танҳо вазифаҳои худро аз даст надодаанд, балки гуё аз як табаддулоти эҳтимолӣ ҷилавгирӣ карданд. Дар асл нигоҳ кунем, ин бародарони донишманду мутахассис ва соҳибкор дар муассисаҳои давлатӣ кор мекарданду аслан ба корҳои сиёсӣ таваҷҷуҳ намедоданд, вале қурбони бозиҳои дарунии ҷиноҳҳои мухталиф дар дохили ҳукумат қарор гирифтанд ва қимматаш умри 119 нафар аз беҳтарин инсонҳо. Назари Шумо, ки дар қазияҳои мухталиф таҳлилҳоеро аз дохили мақомот доред, чист?

3. Чанд рӯз пеш ин суолро низ дар яке аз барномаҳои онлайнӣ карда будам. Чаро ин парвандаи бузург ба як “парвандаи хомуши бузург” табдил ёфтааст? Агар ин кор дар як кишвари дигар мешуд, он кишвар меларзид. Чаро ин қадар хомушӣ? Мушкил дар куҷост?

4. Бархеҳо аз хонаводаҳо ва наздикони ин 119 нафар интиқод мекунанд, ки дар масъалаи сарнавишти фарзандҳо ва наздиконашон чаро хомуш ҳастанд. Дуруст аст, ки фишор зиёд аст, аммо далелҳое ҳаст, ки хонаводаҳое мисли хонаводаҳои Бузургмеҳр Ёров, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Маҳмадалӣ Ҳаит ва ғайра хомуш наистодаанд. Мушкил дар чист, ки хонаводаҳои 119 донишманд, ки хонаводаҳои обруманде ҳастанд, хомуш ҳастанд? Паёми Шумо ба онҳо чист?

5. Шунидем, ки ҳамин рӯзҳо дар Бадахшон низ як гуруҳ аз мардум ба куча баромаданд ва монанди он дар Душанбе барои қимматии нархи билет овоз баланд кард. Масъалаи худкушиҳо дар кишвар рӯз ба руз бештар шуда истодааст. Наворҳо аз ҳолатҳои облава ва дигар қонуншиканиҳои мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ афзоиш ёфтааст. Мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкор интиқод мекунанд. Шумо ки бо мардум аз наздик дар тамос ҳастед, оё воқеан як бедории ҷиддӣ дар роҳ аст?